​Сафи устодони соҳибунвон афзоиш меёбад

Дар кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муҳоқимаи рисолаи номзадии сарнозири раёсати таълими донишгоҳ Ҳомидова Фирӯза доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки рисолаи номзадии номбурда барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ дар мавзӯи “Ташаккули салоҳиятнокии бисёрвазифагии омӯзгорони ҷавони мактаби олӣ” таҳия гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳимояи рисолаи номзадӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) сурат мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки рисолаи номзадии Ҳомидова Фирӯза таҳти роҳбарии Исломов Озод - доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омода гардида, ҳамакнун муҳокимаи назди кафедра бо муваффақият доир шуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров феълан 52,1 % - и ҳайати кадриро устодони соҳибунвон ташкил дода, ҷиҳати дифоъи рисолаи номзадӣ ва таҳкими иқтидори илмӣ барои омӯзгорон шароити мусоид ва имконияту имтиёзҳои арзанда фароҳам аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ