​ТАҚВИЯТИ МАҲОРАТИ КАСБӢ: ДАРСИ КУШОДИ ОМӮЗГОРИ СОҲИБТАҶРИБА

Бо мақсади роҳандозӣ ва омӯхтани усулҳои муосиру самараноки таълим дарси кушоди сармуаллими кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев дар мавзуи «Дарс -шакли асосии ташкили кори таълим. Сохтори дарс» ташкил карда шуд. Баргузории чунин дарсҳо аҳаммияти хос доранд, зеро ки оянда омӯзгорони ҷавон бояд асосҳои илмию методии гузаронидани дарси муосирро ба пуррагӣ аз бар намоянд.

Дарси кушод дар фазои эҷодӣ ва бо дарназардошти талаботи муосири педагогӣ гузаронида шуда, дар он масъалаҳои муҳими сохтор ва ташкили самараноки раванди таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чунин чорабиниҳои илмию методӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва беҳтар намудани сифати таълим нақши муҳим мебозанд.

Ташкили чунин дарсҳои кушод барои боло бардоштани савияи дониши педагогӣ ва тафаккури мантиқии омузгорони ҷавон нақши калон дорад. Дар фарҷом омӯзгорон ва иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро баён карда, ба раванди дарс баҳои баланд доданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ