МЕҲРГОН-ҶАШНИ ҚАДИМАИ НИЁГОН
Бахшида ба ҷашни Меҳргон дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ маҳфили “Хуршеди ховар” доир шуд. Дар маҳфил декани факултет, муовини декан оид ба корҳои тарбия, мудири кафедра, устодони факултет ва донишҷӯён ширкат намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ дар бораи таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ҷашни Меҳргон маълумоти илмӣ ва шавқовар ироа гардид. Саҳнаҳои ҷолиби диққат, шеъру суруд ва дастурхони идона ба маҳфил шукӯҳи дигар бахшид.