​Дастоварди тозаи варзишӣ

Донишҷӯи курси якуми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус Турдибекова Хушрӯя дар Спартакиадаи ҷумҳуриявии варзишӣ аз рӯи намуди тенниси рӯи мизӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.

Спартакиадаи ҷумҳуриявии варзишӣ бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд санаҳои 24-25 доир гардида, аз рӯи намудҳои волейбол, шоҳмот ва тенниси рӯи мизӣ сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи мазкур ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Ҳамзамон, дар мусобиқаи мазкур сармуаллими кафедраи варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонии донишгоҳ ба ҳайси довар иштирок намуд.

Маркази иттилооот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ