Таҳкими ҳамкориҳо бо волидони донишҷӯён
Дар факултети тањсилоти ибтидої ва педагогикаи махсус бо волидони донишҷӯёни соли якум ҷаласа сурат гирифт.
Декани факултет УсмонзодаДаврон ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба раванди таълим маълумот дод.
Иҷрои талаботи равандҳои таҳсил дар донишгоҳ, таъмини давомоти донишҷӯён, таҳкими ҳамкорӣ бо садорати факултет зимни суханронии декани факултет муҳокима шуданд.
Мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, омӯзиши илму дониш, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ баррасӣ намуда, ҷиҳати назорати сифатноки сатҳи тарбияи донишҷӯён аз волидони онҳо ҳамкории судманд даъват намуд.
Ҳамзамон, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, мубориза бо таҳдидҳои муосир, тақвияти зиракии сиёсии ҷавонон зимни ин мулоқот мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими ҳамкориҳои донишгоҳ бо волидони донишҷӯён ҷиҳати таъмини сифати раванди таҳсил ва пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонон унвон мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил