Шуъбаи магистратура

Телефон барои маълумот

12 марти соли 2014 тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ таҳти №110 дар сохтори Раёсати таълим шуъбаи магистратура таъсис дода шуд.

Шуъбаи магистратура фаъолияти худро дар асосии Низомномаи магистратура, дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳ, раёсати илм ва таълим, қарори Шурои олимони Донишгоҳ, нақшаи корӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ ба роҳ мондааст.

Қабул ба магистратураи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар асоси Низомномаи магистратураи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи қабул ба роҳ монда шудааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар соли хониши 2024-2025 аз рўйи 27 ихтисос 236 нафар зинаи магистратураро хатм намуданд, ки аз ин миқдор 66 нафар бо дипломи аъло мебошад.

Пас аз хатми магистратура 47 нафар магистрантон ба докторантура аз рўйи ихтисос РhD-и Донишгоҳқабул гардиданд.

Ҳоло 459 нафар муҳассилин дар 15 факултетҳои Донишгоҳ аз рўи 28 ихтисос таҳсил менамоянд. Аз ҷумла 217 нафарашонро магистрантони курси аввал ташкил медиҳанд.

Дар магистратураи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» магистрантон аз дигар давлатҳо – Чин (2 нафар) ва Ўзбекистон (3 нафар) низ таҳсил менамоянд.

Бо мақсади дастгирии магистрантон дар чопи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз соли 2015 ин ҷониб шуъбаи магистратура нашри силсилавии маҷмўаи мақолоти магистрантонро аз рўйи бахшҳои ҷомеашиносӣ ва табиӣ-риёзӣ таҳти унвони «АрмуҒони навроҳони илм» ба роҳ мондааст. Дар маҷаллаи мазкур магистрантони донишгоҳ мақолаҳои илмии худро аз мавзўи рисолаи магистрӣ барои чоп пешниҳод менамоянд ва танҳо мақолаҳое, ки аслияти онҳо аз 50% зиёд буда, хусусияти тадқиқоти баанҷомрасидаро дорад, нашр мегарданд. Боиси қайд аст, ки ҳар як шумораи маҷмўаи мақолоти магистрантон таҳти унвони «АрмуҒони навроҳони илм» фарогири наздик 100 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Ташкил ва гузаронидани аттестатсияимагистрантон дар назди кафедраҳои тахассусӣ ва Шурои олимони факултетҳои донишгоҳ барои таълифи зина ба зинаирисолаҳои магистрӣ мусоидат менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, бо мақсадаи иҷрои талаботи банди 4-и Низомнома оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола як маротиба магистрантон ҳисоботи илмии худро пешкаш намуда, оид ба рафти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, иштирок дар семинарҳои илмӣ-назариявӣва нашри мақолаҳои илмӣ маълумот медиҳанд.

Дар ин замина ҳамасола моҳҳои январ ва феврал дар кафедраҳои тахассусие, ки магистрантон вобаста гардидаанд, аттестатсиябаргузор карда мешавад. Дар рафти аттестатсия муовинони декан оид ба илм ва инноватсияи факултетҳо, роҳбарони илмӣ ва мудирони кафедра ширкат меварзанд. Магистрантон дар ҳисоботи илмӣ-тадқиқотӣ мавриди мутолиа ва омўзиши маводи илмӣ вобаста ба мавзуи рисолаҳои магистрӣ, иштирок дар конференсия ва вазъитаҳияи рисолаҳои илмӣ маълумот дода, иҷроиши нақшаи инфиродиро тасдиқ менамоянд.

Байни донишҷўёни курсҳои чорум мунтазам семинар-машваратҳо оид ба моҳияти таҳсил дар магистратура ва афзалиятҳои он гузаронида мешавад.

Ҳар сол шуъбаи магистратура бо мақсади ҳавасмандгардонии магистрантон барои дар сатҳи баланди илмӣ омода намудани рисолаҳои магистрӣ озмунҳои гуногун ба монанди «Стипендияи Раиси вилоят», «Кори илмӣ-тадқиқотии актуалӣ», «Магистранти сол» ва Ғайраҳо дар асоси Низомномаи озмунҳои зикргардида гузаронида, Ғолибон бо мукофотҳои ректори донишгоҳ сарфароз мегарданд. Инчунин, ҳар солконференсияи илмӣ-амалии вилоятии магистрантон таҳти унвони «Мақоми ҷавонон дар рушди илм» баргузор мегардад ва дар он магистрантону олимони ҷавони на танҳои МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», балки муҳаққиқони ҷавони дигар донишгоҳҳову донишкадаҳои вилояти СуҒд ширкат меварзанд.

Аз моҳи октябри соли хониши 2025-2026 бо супориши ректори донишгоҳ шуъбаи магистратура ба факултети геоэкология ва туризм муттамарказонида шуд. Аз тарафи кормандони шуъба раванди дарс пурра назорат карда шуда истодааст.

Моҳи ноябри соли 2025 дар давраи ҷумҳуриявии озмуни «ФурўҒи субҳи доноӣ китоб аст» чанде аз магистрантон иштирок намуда, 2 нафар ҷойҳои намоёнро ишҒол намуданд:

  • Бобобекзода Фараҳнози Бобобек – магистранти курси 1-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар наминатсияи адабиёти классикӣ – ҷойи 1-ум.
  • Ризоева Манижа – магистранти курси 2-юми ихтисоси забони хориҷӣ (хитойӣ - англисӣ) дар наминатсияи адабиёти ҷаҳон – ҷойи 2 –юм.

Дар соли хониши 2026-2027 таъсиси якчанд ихтисосҳои нав 1-21 05 01-08 – «Забон ва адабиёти ўзбек», 1-3102 01-02 – «Демография» 1-25.01.04.03 – «Андоз ва андозбандӣ» ва ихтисоси 1260201 – «Бизнес-маъмуриятчигӣ» таҳсилаш бо забони тоҷикӣ ба нақша гирифта шудааст.