​Ғолибони озмуни “Магистранти сол-2020” дар бахши илмҳои дақиқ қадр шуданд

Дар бахши илмҳои дақиқи озмуни “Магистранти сол-2020”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдулмуталиб Абдумаликзода – магистранти курси дуюми факултети санъати тасвирӣ ва технология мақоми аввалро соҳиб гардид.

Ҷойи дуюм ва сеюм дар ин бахш насиби Шараф Исломов – магистранти курси дуюми факултети физика ва техника ва Маҳниссо Раҳматова – магистранти курси дуюми факултети математика гашта, бо диплом ва мукофоти пулӣ тақдиронида шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 540 магистрант аз рӯи 23 ихтисос таҳсил намуда, ба 46 кафедраи тахассусии донишгоҳ вобаста шудаанд. Дар соли ҷорӣ аз рўйи низоми магистрӣ 2 ихтисоси нав, яъне таърих-бостоншиносӣ ва забони олмонӣ таъсис ёфта, аз рўйи ин ихтисосҳо довталабон қабул шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ