"Магистранти сол-2020" дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ муайян гашт

Маҳфуза Тӯйчиева - магистранти курси дуюми факултети забонҳои шарқ ғолиби озмуни умумидонишгоҳии “Магистранти сол-2020” дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид.

Дар ин бахш ҷойи дуюм ва сеюмро Анисахон Қавизода магистранти курси дуюми факултети филологияи тоҷик ва Манзура Ашрафова Маҳмудҷоновна магистранти курси дуюми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус касб намуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадр гаштанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик бобоҷон Ғафуров 540 магистрант аз рӯи 23 ихтисос таҳсил намуда, ба 46 кафедраи тахассусии донишгоҳ вобаста шудаанд.

Дар соли ҷорӣ аз рўйи низоми магистрӣ 2 ихтисоси нав, яъне таърих-бостоншиносӣ ва забони олмонӣ таъсис ёфта, аз рўйи ин ихтисосҳо довталабон қабул шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ