​Ғолибони озмуни “Магистранти сол-2021”

Дар Рӯзи илми тоҷик магистрантони беҳтарини сол низ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, аз рӯи бахши илмҳои дақиқ ҷойи якум ба магистранти факултети геоэкология ва туризм Раҳимов Озод, ҷойи дуюм ба магистранти факултети физика ва техника Раҳимов Мардонқул ва ҷойи сеюм ба магистранти курси дуюми факултети санъати тасвирӣ ва технология Ҷӯраева Зевархон сазовор гардид.

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ се зинаи ифтихориро магистарнтони соли дуюм - Валиева Бисайфура аз факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, Мадумаров Нишонбой аз факултети забонҳои шарқ ва Ҳусейнова Умедахон аз факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ соҳиб шуданд.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ