​Мақоми ҷавонон дар рушди илм

Конференсияи вилоятии илмӣ-амалии магистрантон таҳти унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” дар факултети санъати тасвирӣ ва технология доир гардид. Ин иқдом бахшида ба солҳои 2020-2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба роҳ монда шуд.

Дар бахши санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология 6 маърӯза шунида шуд.

Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус мавзуъҳои “Омилҳои педагогии омодагии омӯзгорони оянда ба фаъолияти эҷодӣ”, “Корҳои беруназсинфӣ - омили асосии ташаккули қобилияти эҷодии хонандагон” ва “Нақши таълими технология (таълими меҳнат) дар ташаккули ҳисси меҳнатдӯстии хонанагон” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ