Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот
Сардор
Телефон барои маълумот
Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо фармоиши ректори Донишгоҳ таҳти №15 аз 20.01.2011 сол дар заминаи шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим ташкил карда шудааст. Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар баробари таъсиси шуъбаи таҳлил ва ояндабинии раванди таълим дар соли 2005 (ҳоло шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот) дастгоҳи иҷроияи раёсати Донишгоҳ барҳам хӯрда, ваколатҳои он ба дӯши шуъбаи мазкур вогузор шуд. Тӯли солҳои фаъолияти шуъба дотсентон Р.Назаров, М.Сабуров, З.Раҳмонов, С.Ёқубов, Р.Ҷӯлиев ва М.Маҳмадшоев ба сифати мудири шуъба фаъолият доштанд. Аз моҳи феврали соли 2022 вазифаи мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилотро дотсент Дадобоева Н.Н. ба ӯҳда дорад.
Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба ташкил ва баҳодиҳии сифати таълим,худбаҳодиҳии дохилӣ дар сохтори Донишгоҳ, таъминоти дастурию иттилоотии технологияи амалӣ намудани тартиби назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, муайян намудани самтҳои асосии такмили самаранокии таълим, санҷиши донишандӯзӣ (мониторинг), назорати ҷамъбасти ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳои сессияҳои санҷишию имтиҳони даврӣ ва аттестатсияҳои ҷамъбастии давлатии хатмкунандагон (натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ, дифои рисолаҳои тахассусӣ, дипломӣ ва магистрӣ, имтиҳони давлатӣ), коркарди тавсияҳо ҷиҳати ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим, татбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитӣ бо ташкили силсилаи чорабиниҳои таълимию илмӣ ва машваратҳои методӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, такмили нақшаву барномаҳои таълимӣ, санҷиш ва назорат дар самти дуруст ба роҳ мондани банақшагирӣ, санҷиши мутобиқати саволнома ва мисолу масъалаҳои тестӣ бо барномаи таълимӣ, омӯзиши усулҳои қабули санҷишҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва имтиҳони ҷамъбастӣ, таҳлили сифатии тестҳои имтиҳонӣ ва тавсияҳои методӣ масъул аст. Шуъба бо мақсади иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ихтисосҳои дар Донишгоҳ амалкунандаро назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳу сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу ба талаботи замон ҷавобгӯ ва дигар самтҳои раванди таълими фаъолияти Донишгоҳ баҳо медиҳад. Идоракунии сифати таҳсилот дар Донишгоҳ аз рӯи 3 самт сурат мегирад: таъмин, идоракунӣ ва рушди сифати таълим. Фаъолияти шуъба пеш аз ҳама ба таҳлилу натиҷабардорӣ ва такмил додани сифати таълим равона карда шуда, самти асосии сифати таҳсилотро ташкил медиҳад.
Пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррасро дар пай дорад. Низоми фаъолият ва усулҳои нави муносибат дар ҷаҳони имрӯза аз мо тақозо менамояд, ки дар самтҳои мухталифи таълимиву илмӣ ва ҷамъиятӣ дар асоси низому қоидаҳои мушаххас, стандартҳои ҷаҳонӣ фаъолият намоем. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ санади аслии мавқеъ ва мақоми ин ё он муассиса ва сохторҳои гуногуни ҷомеаро таҷассум менамояд.
Маҷмӯаи низомномаҳои МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров” таҳти унвони “Идоракунӣ ва таъмини сифати таҳсилот” бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ тасдиқ карда шуда, фарогири иттилооти муфид ва қоидаҳои муайяни корӣ оид ба фаъолияти ҳар як шуъба ва раёсатҳои Донишгоҳ мебошад. Афзун бар ин, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои муайян намудани самти фаъолияти корӣ ва мавқеи устувори муассисаҳои таҳсилоти олӣ нақши муассир мегузорад. Дар мавриди дигар, муаррифии ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти кории шуъба, ниҳод ва сохторҳои муассисаҳо мебошад, ки масъулин бо истифода аз он муносибатҳои ҳуқуқӣ ва кории худро ба низом медароранд.
Таъмини сифат ва таҳкими ҷиҳатҳои хуби фаъолияти корӣ тақозои ҷомеаи муосир буда, дар асоси талаботи низомномаҳои муассиса ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, низомномаҳои қабулгардида барои сари вақтба анҷом расонидани корҳои барномавӣ ва фаъолияти ҳадафмандона мусоидат менамоянд. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади таҳким бахшидани тартибу интизом дар ҷараёни таълим назорати электронии раванди таълимро дар якҷоягӣ бо маркази иттилоотӣ дар факултетҳои Донишгоҳ ба роҳ мондааст. Мутахассисони шуъба назорати электронии раванди таълим, ҳозиршавии омӯзгорону донишҷӯёнро ба дарс ва рафти машғулиятҳои аудитории факултетҳои биноҳои таълимии 1, 2, 3 ва ҳамчунин факултетҳои геоэкология ва туризм, таърих ва ҳуқуқ, филологияи рус ва тарбияи ҷисмониро пайваста назорат карда, мунтазам натиҷабардорӣ мекунанд. Аъзоёни шуъба пайваста ҳозиршавии устодон ва донишҷӯёнро ба дарс, тибқи ҷадвали дарсӣ сурат гирифтани машғулиятҳои таълимӣ, рафти дарсҳои аудиторӣ, истифодаи воситаҳои техникӣ дар дарсҳо ва мавҷудияти маводи таълимии донишҷӯёнро зери назорати қатъӣ қарор додаанд. Ҳамзамон, ҷараёни имтиҳонсупории донишҷӯён дар маркази тестӣ бо усули электронӣ мунтазам назорат карда мешавад. Баробари оғоз шудани аттестатсияи давлатӣ рафти он дар факултетҳои Донишгоҳ мавриди назорат қарор мегирад. Ҷоиз ба қайд аст, ки назорати пайвастаи электронӣ то имрӯз натиҷаҳои хуб дода истодааст.
Мусаллам аст, ки ба роҳ мондани пурсиши афкор байни донишҷӯён ва омӯзгорон як падидаи хубест, ки тавассути он бисёр масъалаҳои ҳалталаби раванди таълим мавриди санҷишу баррасӣ ва корбарӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот марҳила ба марҳила вобаста ба масоили гуногуни раванди таълим пурсиши афкорро ба роҳ монда, дар асоси фикру андеша ва пешниҳоду дархости донишҷӯёну омӯзгорон нақшаи чораҷӯйиҳоро мураттаб ва мутобиқи он корбарӣ менамояд. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар таҳия ва такмили технологияи санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таълим, таъминоти иҷрои талаботи ягона ҳангоми гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, гузаронидани таҷрибаҳо, тадқиқоти илмӣ ва конференсияву машваратҳо оид ба масъалаи санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таълим,амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳаҳо иштирок менамояд.
Бояд иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таври воқеӣ баҳо додан ба сатҳи сифати дониш, маҳорат ва малакаи донишҷӯён, нишон додани дастовардҳои онҳо ҷиҳати азхуд намудани илму дониш мебошад.
Аз ин рӯ, мутахассисони шуъба ҷиҳати ташкилу гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва иҷрои талаботи Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Азбаски мониторинг рукну қоидаҳои муҳими роҳбарию идоракунӣ, омӯзиш, санҷиш ва баррасии анҷому натиҷаи кор, ҷараёни таълиму тарбия ва ғайраро баррасӣ менамояд, масъулини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади беҳдошти сифати таълиму сари вақт гузаронидани мониторинг ва зинаҳои он дастури методии «Тавсиянома оид ба гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот» – ро таҳия намуда, намунаҳои онро ба ҳамаи факултетҳои Донишгоҳ дастрас гардониданд. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар ҳамкорӣ бо Раёсати таълим тасмим гирифтааст, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таҳкими фаъолияти устодони пешқадаму навҷӯ пайваста озмунҳои «Дарси беҳтарин», «Муаллими сол», “Кафедраи беҳтарин”, “Факултети беҳтарин”, “Тести беҳтарин”, “Муаррифии беҳтарин” ва муайян кардани рейтинги омӯзгоронро ташкил намояд ва аз соли таҳсили 2013 – 2014 то имрӯз ҳамасола ин озмунҳо ба роҳ монда мешаванд. Соли аввали баргузор шудани озмуни «Дарси беҳтарин» (соли таҳсили 2013 – 2014) як нафар доктори илм, профессор, 16 нафар номзади илм, дотсент, 7 нафар сармуаллим, дар маҷмӯъ 24 - нафар ширкат варзиданд. Соли хониши 2014 – 2015 таҳти унвони «Муаллими сол» озмун байни омӯзгорон ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин давра ҷиҳати иштирок ба озмун зиёда аз 60 нафар устодон ширкат варзиданд. Тибқи шартҳои озмун муаррифии фанҳои таълимӣ, сифати дастурҳои таълимӣ – методӣ ва китобҳои дарсӣ вобаста ба фанни таълимӣ, сифати маводи имтиҳонӣ: тестҳо, саволномаҳо, дараҷаи иштироки шогирдони омӯзгор дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннии умумидонишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳурӣ, байналмилалӣ ва натиҷаи онҳо ба инобат гирифта шуданд.
Бо мақсади татбиқи амалии нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Соли ҷавонон ташкили озмуни навбатии умумидонишгоҳии «Муаллими сол»дар нимсолаи дуюми соли хониши 2016 – 2017 баргузор шуд, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани дараҷаи салоҳиятнокӣ, сайқал додани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимии мавҷуда ва баланд бардоштани сифати таълим буд. Озмун дар се зина – сатҳи кафедра ва дар ду сатҳи умумидонишгоҳӣ сурат гирифт. Дар давраи аввали озмун ҳамаи омӯзгорони ҷавони факултетҳо иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ 14 нафар омӯзгорони ҷавон ширкат варзиданд, ки дарсҳои онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо масъулияти баланд санҷида шуданд. Бо дастгирии ректори донишгоҳ маводи иштирокдорони озмуни “Муаллими сол - 2017” бахшида ба “Соли ҷавонон” ва 85- солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров китоби “Армуғони омӯзгорони ҷавон” рӯйи чоп омад. Дар китоби мазкур маълумоти мухтасар доир ба ҷараёни таълимиву илмӣ, дастовардҳо ва мақолаҳои таълимии омӯзгорони ҷавон, ки дар озмун иштирок доштанд, гирдоварӣ шудаанд.
Маҳз ҳамон сол озмуни «Рушди сифати таҳсилот» роҳандозӣ гардид, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифати таълим, ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонидани дарс, истифода аз роҳу усулҳои фаъоли таълим, баланд бардоштани дараҷаи фаъолнокии донишҷӯён ва вусъат ёфтани худомӯзии онҳо, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб маҳсуб мешавад. Озмуни мазкур дар сатҳи матлуб баргузор гардида, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба тибқи шартҳои он ҳуҷҷатҳои кафедраҳо, маводи дарсии омӯзгорон ва сифати дарсҳои онҳо ба таври дақиқ санҷида шуда, ғолибон муайян ва намунаи корҳои онҳо чун воситаҳои пешқадами таълим дар кори дигар кафедраҳо татбиқ мегарданд.
Ташкил ва баргузор намудани ин озмунҳо ҷиҳати муайян кардани қобилияти касбии омӯзгорон, санҷиши дараҷаи донишазхудкунии шогирдони онҳо, ҷустуҷӯи истеъдодҳои ҷавон, тарғиби роҳу усулҳои нави таълим байни омӯзгорон хеле муҳиму бамаврид аст.
Соли таҳсили 2022 – 2023 ин иқдом аз нав эҳё гардида, озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол - 2023” баргузор шуд. Дар озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол - 2023» омӯзгорони синну соли гуногун новобаста аздараља ва унвониилмӣ иштирок доштанд. Зинаи аввали озмун дар сатҳи кафедра бо иштироки 74 нафар, зинаи дуюм дар сатҳи факултет бо иштироки 18 нафар ва зинаи сеюм дар сатҳи донишгоҳ бо иштироки 15 нафар довталабон гузаронида шуд. Даври сеюми озмуни мазкурдар сатҳиДонишгоҳ моҳи майи соли 2023 оғоз гардид. Гурӯҳи корӣ иборат аз 17 нафар профессорону дотсентон ва устодони соҳибтаҷрибаи Донишгоҳ бамашғулиятҳои 15 нафар довталабондар факултетҳои мухталифи донишгоҳ иштирок намуданд. Маврид ба таъкид аст, ки дар озмун ба маҳорати касбии омӯзгор, мақсадгузорӣ, вазифаҳои дарс (мавзуъ) ва ноил гаштан ба онҳо, муносибати эҷодкоронаи омӯзгор дар ҷараёни дарс, арзиши тарбиявии дарс ва сатҳи самарабахшии он таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Истифодаи самараноки методҳои гуногуни таълим, технологияи муосир (тахтаи электронӣ, проектор), усулњои фаъоли таълим ва навгонињо дар сохтори дарс, мавқеи шахсии омӯзгор дар раванди дарс ва маданияти муошират бо донишҷӯён, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ҷараёни ҳаллу фасли мавзӯи нав, ҳамчунин сифати бастаи маводи таълимӣ – методӣ (силлабус, КТМ, супоришҳои КМРО ва КМД), дастуру мақолаҳои таълимӣ – методие, ки аз тарафи омӯзгор дар соли таҳсили 2022 -2023 нашр гардидаанд, аз ҷониби гуруҳи корӣ мавриди санҷиш ва баҳогузорӣ қарор гирифт.
Мутахассисони шуъба вобаста ба мавзуъҳои муҳими беҳдошти сифати таълим ба ташкилу баргузор намудани мизҳои мудаввар ва семинарҳои омӯзишӣ эътибори хоса зоҳир менамоянд. Ин қабил чорабиниҳо тибқи нақшаи шуъба соле ду – се маротиба ба роҳ монда мешаванд. То имрӯз якчанд семинар – машваратҳои донишгоҳӣ дар мавзӯъҳои «Такмили сифати дарсҳои назарӣ ва амалӣ дар низоми кредитии таҳсилот», «Роҳҳои такмили сифати таҳсилот дар асоси талаботи замони муосир», «Низоми кредитии таҳсилот: КМРО ва сифати он», «Беҳдошти сифати барномаҳои таълимӣ ва корӣ», «Такмили сифати дарсҳои лабораторӣ дар низоми кредитии таҳсилот», «Истифодаи тахтаи электронӣ дар ҷараёни дарс», «Технологияи муосир дар раванди таълим», «Низоми таҳсилоти фосилавӣ», “Дастурамал оид ба иҷроиши корҳои мустақилонаи донишҷӯ”, “Талабот оид ба сатҳу сифати тестҳо дар низоми кредити таҳсилот”, “Доир ба омода намудани бастаҳои таълимӣ ва силлабус”, “Усулҳои муосири баргузории машғулиятҳо дар раванди таълим - омили рушди сифати таҳсилот”, “Таҳияи нақшаи инфиродии кори омӯзгор ва нақшаи кории кафедра” баргузор карда шуданд, ки ҷиҳати пешбурди ҷараёни таълим ва беҳдошти сифати он хеле муфид арзёбӣ карда мешаванд.Дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби мутахассисони шуъбабарои омӯзгорони ҷавониДонишгоҳ силсилаи семинар – машваратҳо таҳти унвони “Дарси намунавӣ бо усули таҷрибаҳои таҳқиқотӣ”, “Истифодаи методҳои муосир дар раванди таълим”, “Омӯзгори босалоҳият кист?” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар семинарҳои мазкур мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб карда шуда, барои омӯзгорони ҷавонметодҳои дарсгузариро омӯзониданд.
Айни ҳол шуъба дар татбиқи марҳилаҳои“Консепсияи рушди сифати таҳсилот” (солҳои 2021 – 2025) қарор дорад. Консепсияи рушди сифати таҳсилот ин санади барномавӣ буда, оид ба марҳила ба марҳила баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар донишгоҳ мусоидат менамояд. Консепсияи рушди сифати таҳсилот сиёсати ягонаи Донишгоҳро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот муайян ва таъмин намуда, маҷмӯи талаботро дар зинаи мувофиқи таҳсилот муқаррар менамояд. Мақсади татбиқи консепсия - ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани сатҳу сифати таҳсилот ва сифатитайёр намудани мутахассисон мебошад.
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров” бо њадафи татбиќи сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Сарвари давлат вобаста ба омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣкорњои муайяну созандаеро амалї гардонида, баҳри омода намуданимутахассисони љавобгўи талаботи замони муосир чораҳои зарурӣ меандешад. Дар ин замина, бо дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ “Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” барои солҳои 2023 - 2028 таҳия гардида, моҳи сентябри соли2022 дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ гардид. Ҳамчунин дар асоси Консепсияи мазкур нақшаи чорабиниҳо барои панҷ соли оянда пешбинӣ гардид.
Таҳия ва амалӣ намудани “Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”дар донишгоҳ ҷиҳати рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани дониши нерӯи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд.
Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сиёсатиягонаи донишгоҳро дарсамти баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносї, дақиқ ва риёзӣмуайян ва таъмин намуда, маҷмӯи талаботро дарзинаи мувофиқи таҳсилотмуқаррар менамояд.
Дар ҳамин замина шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дарси кушодионлайниро баргузор намуда истодаанд. Аввалин дарси кушоди– онлайн санаи 28.10.2022 аз тарафи дотсентикафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотии факултети математика Раҷабова Саодат Ҷамоловна дар мавзӯи “Методикаи таълимиасосҳои мантиқии компютер дар синфи 11” барои донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси информатика баргузор гардид. Танҳо дар соли таҳсили 2022 – 2023 дар маҷмуъ 26 дарси онлайнӣ ташкил карда шуд.
Дар ҷараёни дарсҳои кушоди онлайнӣ ба тариқи маҷозӣ омӯзгорон бо истифода аз технология ва методологияи навгаро ва усулҳои фаъоли таълимро корбаст намуда, мазмуну мундариҷаи дарсро бо истифода аз аёниятҳои муосир ба донишҷӯён фаҳмониданд. Омӯзгорон дар ҷараёни дарс аз аёниятҳо, аз қабили адабиёти илмӣ, муаррифиҳои фаннӣ, харитаҳо, наворҳои видеоӣ ва дигар таҷҳизоти муосир фаровон истифода намуданд. Дар идомаимашғулият донишҷӯён роҷеъ ба мавзуи баррасишаванда суолу ҷавоб намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар ҷараёни машғулиятҳо намояндагон аз факултетҳо ва раёсати Донишгоҳ ба дарси кушод тариқи платформаи Zoom иштрок намуданд.
Мақсади баргузории дарсҳои кушоди онлайнӣ беҳдошти сифати таълим, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён арзёбӣ мегардад.
Ин таҷриба дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бори аввал буда, натиҷаи хуб нишон дод.
Оид ба ҷамъ намудани фикру дархостиомӯзгорони факултетҳои Донишгоҳ доир ба ташкилидарсионлайн дар системаи иттилоотии Донишгоҳ равзанаи пешниҳоди фикру дархостҳо ташкил карда шуд.
Дар назди раёсати таълим Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон дар Донишгоҳ таъсис дода шуд. БаАссотсиатсияи мазкур омӯзгороне, ки нав ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ намудаанд ё собиқаи кории то 5 - сола доранд, шомил мегарданд.
Мақсади асосии Ассосиатсия расонидани ёрии амалии таълимӣ, методӣ, равонӣ ва маънавӣ ба омӯзгорони ҷавон маҳсуб меёбад. Вазифаи сардори ассотсиатсия ба уҳдаи муовини мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот вогузор карда мешавад.
Фаъолияти Ассотсиатсия тибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда шуда, гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ-методӣ, такмили ихтисос, илмӣ-амалӣ, илмӣ-методӣ, озмоишӣ ва ғайраҳоро пешбинӣ менамояд. Намуди чорабиниҳо бо ҳамбастагии намояндагони раёсати донишгоҳ, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессоронуомӯзгорон, методистон ва коршиносони раёсати таълим ва шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо мақсадитақвият додани фаъолияти омӯзгорони ҷавон муайян карда мешаванд. Ассотсиатсия барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати омӯзгорони ҷавон, бо воситаи иштироки онҳо дар машваратҳои нақшавӣ, онлайн-семинарҳо, мизҳои мудаввар, форумҳои омӯзгорони ҷавон, иштироки мунтазам ба дарси ҳамдигар (бахусус дарсҳои онлайнӣ)бо мақсади баланд бардоштани самаранокии раванди таълим дар маҷмуъ ва ба талаботистандартҳои таълимӣ мувофиқ намудани натиҷаҳои таълимро роҳандозӣ менамояд.
Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот минбаъд низ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи амалии Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад.