Сабти дарсҳои намунавӣ: таҷрибаи тоза дар самти таҳкими сифати таҳсилот
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сабти дарси намунавии устодон оғоз гардид. Ин иқдом бо мақсади паҳн намудани таҷрибаи педагогӣ, маҳорати касбии устодони соҳибтаҷриба ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот роҳандозӣ шуд.
Бино ба маълумоти шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, ташаббуси мазкур таҷрибаи нахустин буда, бо дастури ректори донишгоҳ шуруъ аз нимсолаи дуюми соли таҳсили ҷорӣ ба роҳ монда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо давоми моҳи март дарси намунавии се нафар устодон, аз ҷумла профессори кафедраи электроника Қодиров Абдураҳмон, дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабӣ Ғиёсов Нурулло ва муаллими калони кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими он Юсупов Юнусҷон сабт шуданд.
Дар доираи дарсҳои намунавӣ устодон бо истифода аз методҳои муосири таълим ба донишҷӯён доир ба ҷараёни гузарониш дар нимноқилҳои ғашдор, хатҳои каҷи лекалӣ дар нақшакашӣ ва масъалаҳои муҳими фанҳои таълимӣ, аз қабили мавқеи ҳиссачаҳои саволӣ дар забони муосири арабӣ маълумот доданд.
Машғулиятҳо дар аудиторияҳои таълимӣ – методӣ бо истифода аз тахтаи электронӣ ва дигар лавозимоти техникӣ,роҳу усулҳои фаъоли таълим, истифода аз айёнияту муаррифӣ баргузор гардида, мавзуъҳои нав тавассути иҷрои машқҳои интерактивӣ мустаҳкам шуданд.
Интизор меравад, ки иқдоми мазкур то анҷоми соли таҳсил идома меёбад.
Маркази иттилоот ва таҳлил