​Фаъолияти педагогӣ ва салоҳияти касбии омӯзгоризамони муосир

Ин навбат семинар – тренинги Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон таҳти ҳамин унвон доир шуд. Семинарро мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дотсент Нодирахон Дадобоева ҳусни оғоз бахшида,қайд намуд, ки ташаббуси мазкур дар доираи ибтикори Асосгузори сулҳуваҳдатимиллӣ - Пешвоимиллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣРаҳмон вобаста ба эълонгардидани«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ мешавад.

Таъкид гардид, ки Ассотсиатсияи омӯзгорониҷавон фаъолияти худро ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот, роҳандозии усулҳои самараноки баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, иттилоотӣ ва мадании омӯзгорони ҷавони донишгоҳ, ба роҳ мондани чорабиниҳо баҳри рушди усулҳои самараноки ташкили раванди таълим ва тадқиқотҳои илмӣ, фароҳамоварданишароитбароимуколамаи омӯзгорони соҳибтаҷриба ва ҷавон, муттаҳид кардани иқтидорҳои зеҳнӣ ва эҷодии донишгоҳ равона менамояд.

Мувофиқибарномаисеминаразҷониби сармуаллими кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ Абдуллоева Заррина дар мавзуи “Фаъолияти педагогӣ ва салоҳияти касбии омӯзгори замони муосир” маърӯза шунида шуд. Дар доираи маърӯза роҳу усулҳои баланд бардоштани салоҳият ва маҳорати касбӣ дар фаъолияти педагогӣ, тарзи гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва корҳои мустақилона баррасӣ шуд.

Оид ба иҷроиши вазифагузориҳо дар доиари фаъолияти Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон ҳисоботи роҳбари Ассотсиатсия, ҷонишини мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дотсент Ҳусейнова Мавзуна шунида шуд.

Бо табодули афкор перомуни масъалаҳои мубрами методикаи таълим семинар – тренинг ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ