Факултети таърих ва ҳуқуқ

Маълумот барои тамос

Факултети таърих ва ҳуқуқ қариб ҳамсоли донишгоҳ буда, фаъолияти худро аз соли хониши 1933-1934 дар сохтори шуъбаи таърих ва иқтисоидёт оғоз намуд ва дар соли хониши 1936-1937 ба факултети таърих табдил дода шуд. Минбаъд шуъбаи таърих аз нав дар ҳайати факултети таъриху филология таъсис ёфта, омӯзгорони нахустини он устодон М.Е. Беркович, Е.П. Путирский, Б.М. Греннадер, М.Струминский, А.Е. Мадҷӣ, Н.П. Павлов, аввалин омӯзгорони тарҷумони тоҷик М. Мирмуллоев, У.Каримов, М.Юнусов, Д. Ҳамроев, Ҳ.Ҷарқинзода ва дигарон буданд.

Солҳои 50-ум ба сафи устодони шуъба мутахассисони соҳибистеъдод, аз қабили Ғ. Ҳайдаров, Ш. Охунов, М. Искандаров, Ш. Султонов, Ш. Ахмедов, С. Абдуллоев, У. Исмоилов, Т. Юсуфов, Ш. Норматов, С. Отаев, К. Шаҳобиддинов ва солҳои 60-70-ум С. Марофиев, Н.Турсунов, Д. Деҳқонов, У. Ҷаҳонов, У. Ғаффоров, И. Эркабоев, М. Исҳоқӣ, А. Бобокалонов, Д. Гулбеков, М. Ҷӯраев, Ҷ.Ҳомидов А. Юсуфов, С. Эркаев ва дигарон дохил шуданд. Солҳои 80-90-ум фаъолияти олимони шинохта, профессорон Н. Акрамов, У.Пӯлодов, инчунин М.Файзуллоев, Х.Акрамова, А.Қодиров, М.Иномов, ки дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии шаҳри Душанбе кору фаъолият доштанд, дар факултет оғоз гардид. Моҳи марти соли 1987 Шӯъбаи таърих ба факултети мустақил табдил ёфт. Аввалин сарвари он, дастпарвари факултет, олими номвари тоҷик, доктори илмҳои таърих, ки минбаъд вазифаи ректори донишгоҳро дар ӯҳда дошт, профессор С. Абдуллоев буд. Дар солҳои роҳбарии ӯ (1987-1992) сафи омӯзгорон ва донишҶӯён афзуда, кафедраҳои нави таърихи қадиму асримиёнагии тоҷикон, кафедраи таърихи наву навтарини халқи тоҷик, кафедраи таърихи қадиму асримиёна ва кафедраи таърихи наву навтарини мамлакатҳои хориҶӣ ташкил ёфтанд. Минбаъд анъанаҳои кори С. Абдуллоевро сарварони факултет М. Иномов, М.Файзуллоев, А. Бобокалонов ва У. Ғаффоров, Ҳ. Тоатов, Ф. Ҳомидов, О.Маҳмудов, Ш.Шарифов, Н.Маҳмудова идома доданд. Аз 27 сентябри соли 2018 вазифаи декани факултетро номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷабборов И.Р иҷро карда истодааст.


Дар тӯли мавҷудияти худ факултетро ҳазорҳо мутахассисони баландихтисос хатм намуда, дар рушду нумӯи Тоҷикистон саҳм гузоштаанд. Факултет бо дастпарварони худ, аз қабили ходимони давлатию ҳизбӣ - Абдулаҳад Қаҳҳоров, Рифъат Ҳоҷиев, Қодир Хабилов, Аҳмадҷон Шарофов, дипломатҳои шинохта Яъқуб Исломов, Абдулаким Қаюмов, олимони забардаст академик Нӯъмон Неъматов, докторони илми таърих, профессорон Ғафур Ҳайдаров, Ҳабибулло Холҷӯраев, Иброҳим Обидов (доктори илмҳои педагогика, академики Академияи илмҳои педагогии ИҶШС), Шукур Султонов, Абдуҳамид Ҷалилов, Темур Каримов, ШарифҶон Ахмедов, Музаффар Искандаров, Назирҷон Турсунов, Бурҳон Ризоев, Мақсудҷон Иномов, Ҷамшед Ҷӯразода, Осим Каримов, Фурқат Ҳомидов, ифтихор дорад. Дастпарвари факултет олими номварии тоҷик профессор Абдуллоев С.А. ва профессор Ҷ.Ҷӯразода солҳои тӯлонӣ бар дӯш доштанд. Дастпарвари дигари факултет профессор О.Каримов сарвари Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро дар ўҳда дошт, ҳоли ҳозир дар вазифаи сардори Раёсати маорифи вилояти Суғдро ифои вазифа дорад.


Ҷомеаи факултаи таърих ва ҳуқуқ аз он ифтихор дорад, ки устодони факултет, профессорон С.Абдуллоев, У.Ғаффоров, Б.Ризоев ва дотсент А. Бобокалонов ба ҳайси узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар такмили қонунгузории кишвар саҳмгузорӣ намудаанд. Бо ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор С.Абдуллоев бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ аз соли 1997, бори нахуст дар таърихи донишгоҳ Шӯрои махсуси ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси 07-00-02 - Таърихи Ватан (илмҳои таърих) ташкил карда шуд, ки дар давраи фаъолияти Шӯрои номбурда 39 нафар аспирантон ва унвонҶӯён рисолаҳои номзадии худро дифо намуданд.

Соли хониши 1996-1997 дар факултети таърих шӯъбаи ҳуқуқшиносӣ ташкил карда шуда, минбаъд ба факултети ҳуқуқшиносӣ табдил дода шуд. Факултаи ҳуқуқшиносӣ соли таҳсили 2008-2009 бо факултети таърих муттаҳид карда шуда, факултет номи факултети таърих ва ҳуқуқро гирифт. Алҳол дар факултет панҷ кафедра - кафедраи таърихи Ватан ва археология, таърихи умумӣ, таърихи халқи тоҷик, кафедраи ҳуқуқшиносӣ, кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ бо шомили Осорхонаи бостоншиносӣ, толори ба номи профессор Ғафур Ҳайдаров, ду синфхонаи компутерӣ фаъолият дошта, дар таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос саҳмгузоранд.