​Дарси кушод: “Сотсиологияи иқтисодиёт ва меҳнат”

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ аз ҷониби номзади илмҳои фалсафа Тӯрабоева Дилобар дарси кушод доир гардид.

Дарси кушод ба мавзуи “Сотсиологияи иқтисодиёт ва меҳнат” бахшида шуда, дар доираи он аз усулҳои фаъоли таълим ва воситаҳои муосири техникӣ истифода гардид.

Таъкид гардид, ки сотсиологияи иқтисодиёт равияи илмиест, ки қонуниятҳои инкишофи иқтисодии ҷамъият ва самаранокиииҷтимоии ҳалли масъалаҳои иқтисодиро тадқиқ менамояд. Дар ин қисмати сотсиология ҳодисаю равандҳои иқтисодӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти одамоне дида баромада мешавад, ки дар ҷамъият мавқеи гуногунро ишғол менамоянд ва манфиатҳои мухталиф доранд. Дар маркази диққати сотсиологияи иқтисодиёт асосан масъалаҳои асосноккунии фаъолияти иқтисодӣ, рафтори иқтисодии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, ташаккулёбии муносибатҳоииҷтимоӣ, шаклҳои гуногуни ташкили меҳнат, нормаҳоииҷтимоӣ ва арзишҳоииҷтимоӣ, афзоиши ҳосилнокии меҳнат, беҳтаршавии сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда қарор мегиранд.

Маврид ба зикр аст, ки дарс бо иштироки донишҷӯёнигурӯҳи 107, ихтисоси таърих - бостоншинос сурат гирифта, дар он донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ