Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳуқуқии таъмини арзишҳои инсонӣ
Дар толори калони раёсати Донишгоҳ бахшида бахшида ба 30- солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии зери унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳуқуқии таъмини арзишҳои инсонӣ, рушди устувори давлатдории муосир ва маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа” бо иштироки муҳаққиқони соҳа ва устодону донишҷӯён ташкилу баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки дар таърихи халқи тоҷик санаи 6 ноябри соли 1994 – Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи муқаддас ва оғози марҳилаи комилан нави давлату давлатдории тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, ки ҳамасола ин рӯзро тамоми мардуми Тоҷикистон бо ифтихору шукргузорӣ ҳамчун иди миллӣ истиқбол менамоянд.
Мавсуф таъкид дошт, ки роҳи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар амри бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона дурустии худро ба мову ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
Мирзоғуфрон Ғафуров баромад намуда, афзуд, қабули ин санади муқаддас сохти давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асос гузошт. Дар идома Худоёрзода Хуршед Ҳасан–сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, мушовири адлияи дараҷаи 3 дар мавзуи “Конститутсия таҳкимбахши қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар давлат”, Самадзода Ифтихор Амрохон–муовини сардори раёсати адлияи вилояти Суғд, мушовири дараҷаи 1 дар мавзуи “Танзими ҳуқуқи конститутсионии муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Меҳриддин Садриддинзода–сардори факултети чоруми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқушиносӣ, профессор дар мавзуи “Ислоҳоти асосҳои сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Мухторзода Киромиддин Тоҷиддин–номзади илмҳои ҳуқушиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Моҳият ва таъйиноти Конститутсия дар давлат” маърӯза ироа намуданд. Дар баромадҳо масъалаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳуқуқии таъмини арзишҳои инсонӣ, рушди устувори давлатдории муосир ва маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа маърӯза мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маърӯзачиён зикр доштанд, ки қабули Конститутсия барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Иттилоъ дода шуд, ки конференсия кори худро дар панҷ бахш вобаста ба масъалаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳуқуқии таъмини арзишҳои инсонӣ, рушди устувори давлатдории муосир ва маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа идома бахшид.
Дар бахшҳо зиёда аз 90 маърўзаҳои илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуи зикршуда мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил