Маркази тестӣ

Телефон барои маълумот

Маркази тестӣ (МТ) фаъолияти худро бо назардошти талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», дар асоси Оинномаи донишгоҳ, “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2016, № 19/24), “Низомномаи маркази тестии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” (қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ таҳти №8 аз санаи 26.02.2016) ва “Низомномаи баргузории сессияҳои имтиҳонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шакли тестӣ (санҷишӣ) бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ-иртиботӣ” (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.11.2018, №21/35) ба роҳ мондааст. МТ ҳамчун яке аз зерсохторҳои таркибии Донишгоҳ бо мақсади коркард ва таъмини маҷмӯаи супоришҳои тестӣ, татбиқи мониторинги раванди таълим тавассути қабули имтиҳонҳои ҷамъбастӣ бо фармоиши ректор аз 10.09.2014, таҳти №195 дар асоси қарори Шӯрои олимон таъсис дода шуда, барои рушди минбаъдаи сифати тайёр кардани кадрҳоидар бозори дохилӣ ва берунаи меҳнат рақобатпазир ва ташаккули системаи самараноки идоракунии сифати тайёр намудани мутахассисон таъсис дода шудааст.

Фаъолияти МТ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон, ворид намудани усулҳои муосир ва тағйироти сифатию миқдорӣ дар раванди ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ, муайян намудани роҳҳои нави таҳлили сифати раванди таълим таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ ва раёсати таълим ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон, МТ барои омӯзиши системавии сатҳи дониши муҳассилин, сифати таълим, дастовардҳо дар сатҳи меъёрҳои давлатии таълимӣ, мукаммал намудан ва ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ намудани воситаҳои татбиқи оммавии сатҳи дониш, таъминоти методии технологияи таҳияи саволномаҳои тестӣ, таъмин намудани мувофиқати сатҳи назорати марказонидашудаи Донишгоҳ бо фаъолияти марказҳои тестии муассисаҳои таълимии пешсаф, мукаммал намудани методикаи мониторинги сифати таҳсилот дар асоси назорати бефосилаи сатҳи малака ва донишазхудкунии муҳассилин, баланд бардоштани самаранокии таълим ва назорати донишу малакаи ҳосилнамудаи донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Вазифаҳои асосии Марказ аз таъмини техникии ҷараёни тестгузаронӣ, банақшагирӣ, ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои ҷорӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани низомҳои муосири ташкили механизмҳои нави имтиҳонҳо, таъмини манбаъи тестҳо, маълумотҳо ва маводҳои санҷишӣ, таҳия ва таъмини механизмҳои мониторинги натиҷаҳои имтиҳонҳо ва шаклҳои нави маводҳои санҷишӣ, ташкили супориши қарзҳо ва фарқиятҳои академӣ, таҳия ва ташкили механизмҳои раванди апеллятсия, такмили усулҳои мониторинги сифати таълим дар асоси назорати доимии сатҳи дониш ва малакаи донишҷӯён ба воситаи имтиҳонҳои ҷорӣ, марҳилавӣ ва ниҳоӣ, коркарди саривақтӣ ва ба СИИ ворид намудани натиҷаи имтиҳонҳо ва ғ. иборат мебошад.

Қаблан вазифаи сардори маркази мазкурро И.Каримов, М.Нуриддинова, Д.Музаффаров ва Ҷ.Раҳимов ба зимма доштанд. Айни замон вазифаи сардори маркази тестиро Р.Назаров ба ӯҳда гирифта, Х.Нуриллоев, Д.Раҳимов, А.Ҳошимов, Ҷ.Эшбоев ва А.Усмонов ба ҳайси сармутахассис ва мутахассис фаъолият менамоянд.

Кормандони МТ дастгирӣ ва кӯмакҳои ҳамаҷонибаи раёсати Донишгоҳро эҳсос менамоянд ва дар алоқамандиву ҳамкории зич бо раёсати таълим, шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот - ШИСТ, маркази технологияҳои иттилоотӣ - МТИ, маркази бақайдгирӣ ва машварат - МБМ, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо фаъолият мебаранд. МТ дар воқеъ симои Донишгоҳро муаррифӣ намуда, дар ҳудуди он маҷмӯъи корҳои таълимиву методӣ, илмиву таҳқиқотӣ ва тарбиявии даври муайяни академии устодону шогирдон натиҷабардорӣ карда мешавад. Фаъолияти МТ дар маркази диққати ҳамешагии раёсати донишгоҳ қарор дорад ва барои дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани ҳадафҳои он раёсати Донишгоҳ тадбирҳои амалии судманд андеша менамояд.

Яке аз вазифаҳои асосии МТ - дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффофу воқеъбинона гузаронидани сессияҳои имтиҳонот маҳсуб меёбад.дар ин раванд, тибқи ҷадвали раванди таълим имтиҳонҳои ниҳоии сессияҳои шӯъбаи рӯзона тариқи чор намуд - тестӣ, хаттӣ, шифоҳӣ ва эҷодӣ гузаронида мешаванд.

Имтиҳоноти эҷодӣ аз ҷониби комиссияи таъсисдодаи факултети марбута дар факултети худӣ қабул карда шуда, феҳрасти (ведемости) он ҳамон рӯз ба МТ ирсол ва ба системаи иттилоотӣ ворид карда мешаванд. Тартиби ташкил, гузаронидан ва ҳуҷҷатнигории имтиҳоноти шифоҳӣ низ чун имтиҳоноти эҷодӣ муқаррар шудааст. Имтиҳонҳои тестӣ дар маркази тестӣ ва сохторҳои ҷудогонаи он ба тариқи зайл гузаронида мешаванд: факултетҳои математика, санъати тасвирӣ ва технология, филологияи тоҷик, санъат - дар маркази тестӣ; факултетҳои биология ва химия, телекоммуникатсия ва ТИ ва физикаю техника - дар бинои таълимии якум (дар факултети телекоммуникатсия ва ТИ); факултетҳои забонҳои хориҷӣ, забонҳои шарқ, молия ва ИБ, педагогӣ - дар бинои таълимии сеюм; факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, филолгияи рус - дар бинои таълимии факултети таърих ва ҳуқуқ ва факултетҳои геоэкология, тарбияи ҷисмонӣ - дар бинои факултети геоэкология. Қабл аз имтиҳонҳо муаллимон ба марказ ҳозир шуда, тестҳои худро ба гурӯҳҳо вобаста мекунанд.

Тартиби пешниҳоди тестҳо чунин муқаррар шудааст: муаллифи тест ба МТ ҳозир шуда, аз хазинаи мавҷудаи тестҳо варианти дурусти он тестеро, ки барои гурӯҳ (ҳо)-и алоҳида пешбинӣ шудааст, муайян мекунад. Масъулини МТ ин тестро ба қайд гирифта, ба интерфейси мудири ШИСТ ҷойгир мекунанд. Комиссияи босалоҳияти экспертие, ки бо фармоиши ректори Донишгоҳ таъсис дода шудааст, тестҳоро ҳамаҷониба мавриди ташхис қарор дода, камбудиву норасоиҳои онро ошкор месозанд. Тест барои ислоҳи нуқсонҳои ошкоргардида аз нав ба интерфейси муаллиф равона карда шуда, барои муаллиф тугмачаи “Таҳрир” фаъол карда мешавад. Муаллифи тест бори дигар саволҳоро аз назар гузаронида, бо ислоҳи камбудиву норасоиҳои муайяншуда онро аз нав барои баррасӣ ба интерфейси ШИСТ манзур менамояд. Дар сурати ба талаботҳои муқарраршуда ҷавобгӯй шудани тест варианти ниҳоии он аз ҷониби муаллиф дар 3 нусха чоп ва бо имзои шахсони масъул – муаллиф, мудири кафедраи дахлдор, раиси ШТМ-и факултет (бо нишондоди қарори махсуси сохторҳои дахлдори факултет) ва мудири ШИСТ тасдиқ карда мешавад. Як нусхаи чопӣ ва электронии тести тасдиқшуда аз ҷониби муаллиф ба МТ дастрас карда мешавад.

Вариантҳои имтиҳоноти хаттӣ, эҷодӣ (бо нишондоди мушаххаси корҳои амалии эҷодии иҷрошаванда), шифоҳӣ ва омехта низ бо тартиби муқарраршуда, бо шакли ягона, фарогирии талаботҳои барномавиву нақшаҳои корӣ (силлабусҳо), бо хулосаи комиссияи экспертӣ ва тасдиқи шахсони масъул ба МТ дастрас карда мешаванд.

Хабархо нест!