​Ҷамъбасти бомуваффақияти сессияи тобистона

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо дарки ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, воқеъбинонаву шаффоф гузарониданисессияи тобистонаи соли таҳсили 2020-2021 Маркази тестии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо раёсати таълим, ШИСТ, МБМ тасмим гирифт, ки маводҳои имтиҳоноти ниҳоӣ ба таври куллӣ таҷдиди назар карда шаванд.

Дар ин робита ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ бо қарори худ масъулонро вазифадор карда буд, ки ба сатҳу сифати маҷмӯъи тесту масъалаҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, мазмуну мундариҷаи онҳоро ба барномаи кории фан (силлабус), комплексҳои таълимӣ-методӣмутобиқ, дар семинарҳои таълимӣ (илмӣ)-методии кафедраҳо мунтазам мавриди муҳокима ва зери назорати қатъии мудирони кафедраҳо қарор диҳанд.

Таъсис додани гурӯҳи кории доимоамалкунандаи босалоҳият, ки барои баланд бардоштани сифати тестҳо, вариантҳои имтиҳоноти хаттӣ, эҷодӣ ва шифоҳӣ, мутобиқкунонии онҳо ба талаботи рӯзафзуни замони муосир, ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонии назорат ва баҳогузорӣ ба сатҳу сифати таҳсилот масъул бошанд, яке аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шудааст.

Ҷиҳати амалигардонии ин ҳадафҳо ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани сессияи тобистонаи соли таҳсили ҷорӣ дар миқёси донишгоҳ вариантҳои санҷишҳои тестӣ аз ҷониби омӯзгорономода гардида,барои санҷиш ба коршиносонпешниҳод карда шуд. Ҳангоми санҷиш коршиносон сатҳ ва сифати тестҳоиимтиҳони ниҳоиро аз ҷиҳати риояи меъёрҳои забони давлатӣ, қоидаҳои тестсозӣ, мувофиқати саволҳои гузошташуда ба барномаитаълимӣ, ҷобаҷогузории мантиқии саволҳо, истифода набурдани ҳар гуна аломатҳо ва ғайраҳоро ба назар гирифтанд.

Садорати Маркази тестии донишгоҳ бо мақсади таъмини иҷрои қарори протоколи ҷаласаи Шӯрои олимон ва Нақшаи чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ оид ба амалӣ намудани “Соли 2020 – Соли муаррифии фаннӣ” (банди 9) лоиҳаи Низомномаро дар бораи гузаронидани озмуни тести беҳтарин таҳия ва бо пешниҳоди худ ба раёсати таълим, ШИСТ ирсол намуд. Сохторҳои марбутаи раёсати донишгоҳ бо мақсади татбиқи низоми гузаронидани санҷиши тестӣ, ташкил, пурра намудан ва такмили маҳзани умумии тестҳои донишгоҳ, ғанӣ гардонидан ва такмил додани маҳзани тестҳо, ки асоси барномаҳои таълимии фанҳои алоҳидаи таълимӣ мебошад, таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишвар ҷавобгӯ “Раҳнамо оид ба тартиби гузаронидани озмуни тести беҳтарин”-ро таҳия намуданд ва он бо қарори ҷаласаи Шӯроиолимонидонишгоҳ тасдиқ шуд. Алҳол даврҳои яку дуи Озмун дар сатҳҳои кафедраҳову факултетҳо ҷамъбаст гардида, ғолибони ин даврҳо ҷиҳати иштирок дар даври сеюм – даври ҷамъбастӣ маводҳои худро пешниҳод намудаанд.

Вариантҳои имтиҳоноти хаттӣ, эҷодӣ (бо нишондоди мушаххаси корҳои амалии эҷодии иҷрошаванда), шифоҳӣ ва омехта низ бо тартиби муқарраршуда, бо шакли ягона, бо фарогирии талаботҳои барномавиву нақшаҳои корӣ (силлабусҳо), бо хулосаи комиссияи экспертӣ ва тасдиқи шахсони масъул ба марказ дастрас карда шуданд.

Хусусияти фарқкунандаи нимсолаи дуюми соли таҳсили равон дар он зуҳур меёбад, ки дар донишгоҳ низоми нимсиклӣ ба роҳ монда шуд – барои фанҳои ҷамъиятӣ низоми сиклӣ, барои фанҳои тахассусӣ – муқаррарӣ. З-ин рӯ, имтиҳоноти сессияи тобистонаи донишҷӯёни курсҳои мобайнии шӯъбаи рӯзона дар низоми сиклӣ амалан аз санаи 11.02.2021 оғоз гардиданд. Имтиҳоноти ҷамъбастии даври фаъоли сессияи тобистона аз фанҳои тахассусӣ аз санаи 01.06.2021 оғоз гардида, 12.06.2021 бомуваффақият ҷамъбаст гардиданд. Ташкил ва баргузории имтиҳоноти сипаригашта бозгӯи онанд, ки таҳти роҳбарии раёсати донишгоҳ, сохторҳои дахлдори он, заҳмати деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, устодону кормандони ёрирасон ин чорабинии муҳим дар сатҳи баланди ташкилӣ бо риояи талаботҳои низомномавӣ анҷом ёфт.

Аз натиҷаҳои пешакии даври фаъоли сессияи тобистона бармеояд, ки мувофиқи донишгоҳ пешрафти донишҷӯён 62% ва сифати таҳсилот 30%-ро ташкил медиҳад. Барои донишҷӯёне, ки дар ин давра бо сабабҳои узрнок дар сессия иштирок надоштанд ва ё худ ба сабаби сари вақт напардохтани маблағи таҳсил роҳ наёфтанд, инчунин, донишҷӯёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои “Ғх” гирифтанд, ба мӯҳлати як ҳафта - аз санаи 14 то 19-уми июн сессияи иловагӣ муқаррар шудааст. Баъди анҷоми ин сессияи иловагӣ фоизҳои дар боло зикргардидаи пешрафту сифати донишазхудкунии донишҷӯён баландтар хоҳад шуд.

Дар сессияи мазкур наздик 20 ҳазор донишҷӯ, дар маҷмуъ, 3344 гурӯҳ – фан имтиҳон супориданд, ки аз онҳо 2730 гурӯҳ-фан (82%) – имтиҳоноти тестӣ, 204 гурӯҳ-фан (8%) – хаттӣ, 137 гурӯҳ-фан (4%) – шифоҳӣ ва 210 гурӯҳ-фан (6 %) – эҷодиро ташкил доданд. Албатта, интихоби намуди тест дар доираи талаботи низомномавӣ бо дарназардошти талаботи нақша ва барномаҳои таълимии ихтисос, хусусиятҳои хоси фанни таълимӣ ба салоҳдиди кафедраи марбута, шӯроҳои таълимиву методии факултетҳо, раёсати таълим вогузор аст. Лек, чунин меҳисобем, ки дар давоми давраҳои академӣ (семестрҳо), ҳангоми ташкил ва гузаронидани санҷишҳои ҳафтаина, фосилавӣ, омехта вобаста аз хусусиятҳои омӯзиши фан ба ин ё он намуди самарабахши имтиҳонот диққати махсус зоҳир намудан мебояд. Фурсате расидааст, ки бо ин мақсад ба саволномаҳои санҷишҳои тестӣ, барномаҳои компютерӣ таҷдиди назар карда, барои ворид намудани технологияи муосири иттилоотӣ-иртиботӣ кӯшишҳои судманд анҷом дода шаванд, то ки санҷиши донишҳои донишҷўён тавассути тест воқеияти ба дониши донишҷўён баҳогузориро кафолат дода, фаъолнокии донишҷўёнро ҳангоми омўзиши фанҳои таълимӣ баланд бардорад.

Дар давраи сессияи тобистона беш аз 100 нафар донишҷӯ бо аризаҳои апеллятсионии электронӣ ва наздик 30 нафар бо аризаҳои хаттӣ муроҷиат намуданд. Ин аризаҳо дар ҳузури комиссияи апеллятсионӣ бо иштироки муаллифони тестҳо, тафтишкунандагони корҳои хаттӣ ва худи донишҷӯ бо дарназардошти талаботи муқарраршуда ва низоми холдиҳӣ-рейтингӣ баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Раҳим НАЗАРОВ,

сардори маркази тестӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ