Институти илмҳои ҷомеашиносӣ

Телефон барои маълумот

  • 92-780-88-50
    Телефон
  • Бинои таълимии №2, ошёнаи 2.

Пажӯҳишгоҳи илмҳои ҷомеашиносӣ дар назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров моҳи сентябри соли 2011 дар заминаи Маркази пажӯҳиши тамаддуни Сомониён ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии ЮНЕСКО таъсис ёфтааст. Пажӯҳишгоҳ алҳол аз се маркази илмӣ-тадқиқотӣ – Маркази пажӯҳиши тамаддуни Сомониён, Маркази илмӣ-таҳқиқотии ЮНЕСКО ва Маркази пажӯҳиши тамаддуни Шарқ иборат буда, ҳадафи асосии он ба роҳ мондану анҷом додан ва вусъат бахшидан ба таҳқиқи сарчашмаҳои форсиву точикӣ ва арабӣ дар заминаи таърихи адабиёт, адабиётшиносӣ ва таърихнигорӣ ба шумор меравад. Фаъолияти Пажӯҳишгоҳ тибқи нақшаи махсуси илмӣ сурат гирифта, дар ду самт идома меёбад: самти аввал корҳои илмӣ-тадқиқотӣ; ва самти дувум таҳия, тарҷума ва нашри осори илмиву адабӣ.

Муаммоҳои асосии илмӣ-таҳқиқотии пажӯҳишгоҳ аз инҳо иборатанд:

1. Омӯзиш, таҳқиқ ва нашри осори хаттии асри Х1Х – ибтидои асри ХХ (роҳбари илмӣ - профессор Хоҷаева М. Ю., иҷрокунандагон - Аъзамзод С., Эшонқулов И., Ҳоҷиев А.);

2. Масъалаҳои таҳқиқи осори хаттии форсии шибҳи қораи Ҳинд (роҳбари илмӣ - профессор Ғаффорова З. А., иҷрокунандагон - Саидов С., Раҳматов Б.);

3. Масъалаҳои мероси адабии арабӣ (роҳбари илмӣ - профессор Ғаффорова У. А., иҷрокунандагон – Насриддинов Ф., Дадобоев Қ., Ғафуров А., Очилова М.);

4. Масъалаҳои шинохти арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва адабии давраи Сомониён (роҳбари илмӣ - профессор Ҳасанов А. А., иҷрокунандагон - Зоҳидов Н, Ғиёсов Н. ба тариқи шартнома, Олимҷонов М., Нуров Н., Нуруллоева М.);

5. Масъалаҳои таърих, этнография, сиёсатшиносӣ, фарҳанги миллӣ (роҳбари илмӣ ва иҷрокунандагон - профессор Набиев В. М. ва профессор Оқилова М.; Шарифова Ш.).

Дар назди пажӯҳишгоҳ маҳфилҳои илмии “Фурӯғ” (роҳбар - профессор Хоҷаева М.) ва “Ховаршинос” (роҳбар – профессор Ғаффорова У.) фаъолият мебаранд. Ташкилкунанда ва директори аввалини пажӯҳишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Хоҷаева М. Ю. мебошад.

Аз моҳи сентябри соли 2012 профессор Ғаффорова У.А. сарварии Пажӯҳишгоҳро ба ӯҳда дорад. Дотсентон Насриддинов Ф. ва Нуров Н. ба ҳайси муовинони раиси пажӯҳишгоҳ фаъолият мебаранд.

Хабархо нест!