Факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ

Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 23-юми майи соли 2000 дар назди донишгоҳ Пажӯҳишгоҳи менеҷмент ва технологияи компютерӣ таъсис ёфта буд, ки вазифаи директории онро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А.Л. Қодиров ба ӯҳда дошт.

Дар асоси фармони ректори Донишгоҳ таҳти №110 аз 5-уми декабри соли 2007 аз 1-уми сентябри соли 2007 дар сохтори таълими донишгоҳ факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шуд. Аз соли хониши 2007 дар заминаи Институти менеҷмент ва технологияи компютерӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултети нави телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ кушода шуд. Ташаббускор ва аввалин декани факултети навтаъсис (то соли 2010) доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А.Л. Қодиров буд.

Моҳи апрели соли 1996 факултети иқтисодӣ ба ду тақсим карда шуд. Яке аз онҳо факултети менеҷмент ва иқтисодиёт (декан А.Маҷидов) ва дигар факултети ҳисоби кибернетикӣ буда, сарварии онро профессор Т.Ҷалилов ба уҳда доштанд. Моҳи июни соли 1996 ба вазифаи декани факултет З.Х.Умаров таъин гардид.

Моҳи декабри соли 1999 ду факултет менеҷмент ва иқтисодиёт ва кибернетикаи иқтисодӣ муттаҳид карда шуда, аз нав факултети иқтисодӣ ташкил ёфт, ки декани он дотсент А. Абдуллоев буд. Фаъолияти факултети иқтисодӣ як сол давом кард. Моҳи ноябри соли 2000 дар заминаи факултети номбурда факултетҳои кибернетика (декан А. Абдуллоев) ва молия ва иқтисодиёт бозор (декан А. Маҷидов) ташкил ёфт. Аз моҳи ноябри соли 2003 то феврали соли 2009 вазифаи декани факултети кибернетикаро дотсент Д.М.Осимова иҷро намуд. Аз моҳи феврали соли 2009 то моҳи июли соли 2012 вазифаи декани факултетро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Т.Р. Ризоқулов ба уҳда дошт. Моҳи июли соли 2012 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А.М. Раҳимов ба вазифаи декани факултет таъин гардид.

Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров таҳти №29 аз 29-уми январи соли 2015 дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ, суратҷалаи №8 аз 29-уми январи соли 2015 дар сохтори факултетҳои телекоммуникатсия ва технологияхои иттилоотӣ тағйироти фавқуззикр ворид карда шуд. Факултетҳои телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ва кибернетикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо назардошти мувофиқ будани самт ва равияҳои ихтисосҳояшон муттаҳид карда шуда, минбаъд ҳамчун факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ номгузорӣ карда шуд. Вазифаи декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, декани факултети кибернетика А.Раҳимов таъин гардид. Аз моҳи июни соли 2015 вазифаи декани факултетро н.и.ф-м., дотсент Д. Музафаров ва аз моҳи марти соли 2016 н.и.и., дотсент М. Нуриддинова дар ӯҳда доштанд. Аз моҳи апрели соли 2017 то ҳол сарварии факултетро н.и.и., дотсент Г.Узоқова дар уҳда дорад.