Иттифоқи касабаи донишгоҳ

Телефон барои маълумот

Иттифоқи касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ баробари таъсиси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар аввал ташкилоти мазкур мустақилона фаъолият мебурд. Баъдан самтҳои фаъолияти худро бо низоми кории раёсати донишкада ва баъдан донишгоҳ ҳамоҳанг кардааст.

Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба айни ҳол беш аз 12 ҳазор нафар аъзо дорад, ки онҳо аз ҳисоби устодону донишҷӯён ба ин ташкилот шомил гардидаанд.

Мақсад, вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, Барнома ва Низомномаи иттифоқи касаба муайян мекунанд.
Вазифаҳои асосии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба ҳимояи ҳуқуқу имтиёзҳои қонунии кормандон маҳсуб мешавад. Гузашта аз ин, ташкилоти мазкур ҷиҳати ташкили шароити меҳнат, манзил, тартиб ва реҷаи кор, меъёр ва маош бо маъмурияти донишгоҳ ҳамкориро ба роҳ мемонад. Баробари ин, ба риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат барои қабул ба кор ва озод кардан аз кор мусоидат менамояд. Ҳаллу фасли маҷмӯи баҳсу мунозираҳои меҳнатиро ҳамроҳ бо маъмурияти донишгоҳ ба роҳ мемонад.

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба иборат аз он аст, ки аз номи ҷомеаи меҳнатӣ ба шартнома имзо мегузорад. Кумита ташкили ҳифзи саломатии кормандон, донишҷӯён, ёрии моддӣ ба ятимон, нафақахӯрон ва оилаҳои камбизоатро таъмин менамояд.

Иттифоқи касаба аз интиҳои солҳои 70-уми асри гузашта ташкилоти устодону кормандон ва донишҷӯёнро муттаҳид намуда, номи кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаро гирифт. Солҳои гуногун Т.Қ.Қурбонов, А.Н.Набиев, Е.Н.Кривошеева, З.Н.Умеренкова, А.Ш.Шарипов, М.И.Шамсиддинов, М.Мироватов, А. Усмонов сарварии ин ташкилотро ба уҳда доштанд.

Айни ҳол Расул Бобоев раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба мебошад.Хидматҳои илмиву фарҳангии устодони донишгоҳ аз ҷониби давлату ҳукумат ҳамеша қадршиносӣ гардида, давоми даҳсолаи охир то имрўз 5 нафар Медали хидмати шоиста, 12 нафар Корманди шоиста, 2 нафар ордени Шараф, 2 нафар ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 нафар ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 47 нафар барандаи ҷоизаи вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм, 500 нафар аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 200 нафар ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 170 Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро сазовор гардиданд, ки ифтихори ҳамаи мо мебошанд.