​Қадршиносии устодони донишгоҳ ҷиҳати дастовардҳои илмӣ

Дирӯз дар толори раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” зимни маросими қадршиносӣ ба як қатор устодони донишгоҳ ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси илмӣ шаҳодатнома ва диплом супорида шуд.

Аз ҷумла, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хайрулло Мирзозода Шаҳодатнома ва Медали ҷашнии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро тақдим намуд.


Ҷиҳати ғолибият ва ишғоли ҷойи дуюм дар Озмуни Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият" якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони “Тоҷикистон - хонаи умеди мо” ба дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики факултети филологияи тоҷик Нуров Нуралӣ Диплом супорида шуд.


Ҳамзамон, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба се нафар устодони донишгоҳ дипломҳои номзадӣ супорид.


Ба муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Аюбова Манижа Дипломи номзади илмҳои педагогӣ, ки аз Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас гардидааст, ба муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Абдуллоева Зарринаҷон ва ба сармуаллими кафедраи методикаи таълими математика ва технологияҳои информатсионӣ, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети математика Мирзоходжаев Музаффарҷон Дипломҳои номзади илмҳои педагогӣ, ки аз Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Росия дастрас гардидааст, супорида шуд.


Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода устодони донишгоҳро бо дастовардҳои илмӣ табрик намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба муваффақиятҳои баландтар барору комёбӣ орзу намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ