​Озмуни “Дастони моҳир”

Дар заминаи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни “Дастони моҳир” баргузор гардид.

Озмун дар хобгоҳи №2-и духтаронаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷараён гирифта, иштирокчиён аз рўи шаш шарт, аз ҷумла, намоиши ҳунарҳои дастии миллӣ, маҳорати сурудхонӣ ва рақс қувва озмуданд.

Дар интиҳо ғолибон ва иштирокдорони фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ