Кафедраи табиию риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он

Телефон барои маълумот

Бо фармони ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров № 157 аз санаи 30 июни соли 2017 аз сабаби зиёд гардидани шумораи аъзоён кафедраи назария ва методикаи таълими фанҳҳои тахассусӣ ба ду кафедраи алоҳида – назария ва методикаи таълими забони модарӣ ва табиӣ – риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он ҷудо карда шуд. Айни замон дотсент Абдусамадова Мунира Абдуғаффоровна ба ҳайси мудири кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он фаъолият намуда, ҳайати аъзоёни кафедраро 11 нафар устодони соҳибтаҷриба ташкил менамоянд.

Устодони кафедра, дотсентон Қ.Бурҳонов, А.Назаров, С. Валламатова, А.Тошматов, С.Рабиев, сармуаллимон Р.Султонов, М.Шукруллоева, С.Кароматуллоев пайваста баҳри он кӯшиш намуда истодаанд, ки дар баландбардории сифати таълиму тарбияи донишҷӯён – омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣҳиссаи арзандаи худро гузошта тавонанд. Кафедра бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагона бевосита ҳамкорӣ мекунад ва дар баргузории семинару машварат ва конфронсҳо фаъолона иштирок меварзад. Дар кафедра маҳфилҳои илмӣ, семинар – машваратҳо, маҳфилҳои адабӣ – фарҳангӣ бо дараҷаи баланди ташкилӣ гузаронида мешавад.