​Дарси кушод: Услуби таълими зарб ва тақсими ҷадвалӣ

Беҳдошти сифати таълим аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар робитаи ба ин ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад. Дар ин замина дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус сармуаллими кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он Кароматуллоев С. дар мавзӯи “Услуби таълими зарб ва тақсими ҷадвалӣ дар ҳудуди садӣ" ташкил ва баргузор гардид. Омӯзгор дар раванди дарс ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосиимавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таълим ва слайдҳои ҷолиб тавассути нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти мавзӯъро фаҳмонд. Устод ҳамчунин дар машғулият тавассути бозиҳои таълимӣ ва масъалаҳое, ки доир ба мавзӯи зарб ва тақсими ҷадвали мувофиқ буд, истифода кард ва нақши онҳоро дар таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ шарҳу тавзеҳ дод.

Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушоду намунавӣ баланд бардоштани донишҳои назариявию амалӣ ва саҳмгузоштан дар эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” арзёбӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ