Аёнияти беҳтарин
Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус озмуни «Аёнияти беҳтарин» баргузор гардид. Ин ташаббус аз ҷониби устодони кафедраи табиӣ – риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он ба роҳ монда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки озмун аз рӯйи чор номина ва байни се даста «Эъҷози ҳунар», «Тобиши рангҳо» ва «Мониқалам» сурат гирифт.
Ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян гардиданд.
Иқдоми мазкур ба муносибати 90 – умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил