​Дарси намунавӣ: Услуби таълими унсурҳои алгебравӣ

Бо мақсади тақвият бахшидан ба фаъолияти касбии омӯзгорон, амалӣ намудани методу усулҳои нави муосири таълим, истифодаи технологияи иттилоттию иртиботӣ, воситаҳои айёнӣ, шаклҳои гуногуни муаррифиҳои фаннӣ аз ҷониби омӯзгорон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо дарси кушоди донишгоҳӣ аз тарафи муаллимаи кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо пайваста роҳандозӣ мегардад.

Чунин иқдом аз ҷониби омӯзгор З.Юсупова аз фанни методикаи таълими математика дар мавзӯи “Услуби таълими унсурҳои алгебравӣ” дар гурӯҳи 308, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ. Логопедия бо иштироки васеи устодони кафедра гузаронида шуд.

Дар раванди дарс устод аз усулҳои фаъоли таълим, истифодаи тахтаи электронӣ, воситаҳои аёнӣ, усули корҳои тестӣ, саволу ҷавоб васеъ истифода намуда, тавонист моҳияти мавзуъро ба шогирдон кушода диҳад. Мавзӯи амалӣ ба барномаи таълимӣ мувофиқ буда, омӯзиши унсурҳои алгебравӣ зимни корҳои амалӣ аз тарафи донишҷӯён шарҳу эзоҳ дода шуд. Донишҷӯён дар раванди машғулияти амалӣ зимни таҳлилу ҳалли баробариву нобаробариҳо, ифодаву муодилаҳо фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷиҳати методӣ машғулияти амалӣ дуруст ташкил карда шуд, он тибқи низомномаи мактаби олӣ баргузор гардид.

Дар интиҳо дарс аз ҷониби устодон таҳлил гардида, хулосаҳои устодону иштироккунандагон ба назар гирифта шуд.

Маркази иттиллоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ