Кафедраи адабиёти классикии тоҷик
Мудири кафедра
Телефон барои маълумот
Таърихи таъсиси кафедраи адабиёти тоҷик аз с.1962 ибтидо гирифтааст. Нахустин мудири он устоди суханшинос ва инсони шариф Файзулло Абдуллозода буд. Ҳамроҳи Ф. Абдуллозода дар он солҳо омӯзгорон А.Мирпоччоев, М.Назиров, Ҷ.Хоҷаев фаъолият доштанд. Ба кафедраи навтаъсис адабиётшиносони ҷавон А.Сайфуллоев, А.Сатторов, А.Ғаффоров, Р.Тошматов, А.Ваҳҳобов ва А.Усмонов шомил шуданд. Солҳои 1964-65 кафедра аз ҳисоби донандагони хуби адабиёт Ю.Салимов ва С.Асадуллоев нерӯманд гардид, ки онҳо дар вусъати илму фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон хизмати пурарзиш доранд ва ҳамчун мутахассисони хуби соҳаи адабиёт шинохта шудаанд.
Дар тӯли солҳои 1965-68 А. Сайфуллоев ва давоми солҳои 1969-74 А.Усмонов сарварии кафедраро ба ӯҳда доштанд.
Ибтидои солҳои ҳафтодум кафедраи адабиёти тоҷик ҳамчун яке аз марказҳои боэътибори суханшиносӣ шинохта шуд. Дар кафедра корҳои тадқиқотӣ, илмӣ равнақ мегирифт. Олими шинохтаи тоҷик дотсент Салимов Юсуфҷон ба тдқиқи масъалаҳои насри ривоятӣ ва ба нашр омода сохтани намунаи барҷастаи он – “Самаки айёр” (бисёр-ҷилда) машғул буд.
Солҳои ҳафтодум дастпарварони донишкада А.Набиев, А.Насриддинов ва М.Неъматов ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз намуданд. Тӯли ин солҳо дотсент Р.Тошматов (1975-76) ва С.Асадуллоев (1977-82) мудирии кафедраро ба ӯҳда доштанд.Давоми солҳои ҳаштодум насли нави адабиётшиносон ба мактаби илмии кафедра қувваю тавоноӣ бахшид. Солҳои 1980-90 давраи камолоти касбию фарҳангии аъзои кафедра буд. Дар ин давра А.Набиев, А.Насриддинов, Н.Файзуллоев ва А.Ҷалолов рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намуданд. Дар с.1985 С. Асадуллоев ва дар с.1990 А.Насриддинов рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд.
Роҳбарии кафедра дар ин муддат ба зиммаи дотсент А.Сатторов (1983-86) ва профессор С.Асадуллоев (1987-90) вогузор шуда буд. Солҳои навадум аз давраҳои пурқуввати кафедраи адабиёти тоҷик ба ҳисоб меравад. Нерӯи илмии кафедра аз ҳисоби олимони пуртаҷриба профессор А.Сайфуллоев, дотсент Н.Салимов, М.Хоҷаева ва муҳаққиқони ҷавон М.Ҳабибуллоева, М.Ӯрунова, С.Саидов, Ш.Тоҷибоев, Т.Келдиёров, Ҳ.Зоиров афзоиш ёфта, аъзои кафедра ба таҳқиқи масоили умдаи адабиётшиносии форсӣ (тоҷикӣ) шуғл варзиданд.
Соли
Соли 1996 дар заминаи кафедраи адабиёти тоҷик кафедраҳои адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти классикии тоҷик таъсис ёфтанд. Аз ин рӯ таърихи мустақими кафедраи адабиёти классикии тоҷик аз соли 1996 ибтидо мегирад.
Профессор А.Насриддинов аз с.1991 (то таъсиси кафедраҳои фавқуззикр дар кафедраи адабиёти тоҷик) то с. 2011 ба кафедраи адабиёти классикии тоҷик роҳбарӣ намуданд. Хидмати профессор А. Насриддинов дар рушду нумӯи адабиётшиносӣ ва тайёр кардани муҳаққиқони адабиётшинос арзишманд аст. Асару мақолоти ӯ равиши тозае дар суханшиносии тоҷик вазъ намуд ва дар ин замина А.Насриддинов мактаби илмии худро ба вуҷуд овард. Дар муддати нисбатан кӯтоҳ зиёда аз 20 нафар шогирди ӯ ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология ноил шуданд. Мутаассифона миқрози аҷал моҳи июли с.2011 риштаи умри ин донишманди мумтозро бибурид ва қисмати аъзами пайкорҳои илмии эшон нотамом монданд...
Ҳамаи аъзои кафедраи адабиёти классикии тоҷик ба корҳои тад-қиқоти илмӣ машғуланд. Кафедра дар чанд масъалаҳои адабиётшиносӣ тадқиқоти илмӣ мебарад. Муҳимтарин мавзӯи тадқиқотии кафедра мавсум ба “Масъалаҳои матншиносии осори адабиёти классикии форсу тоҷик” мебошад. Барномаи дурнамои корҳои тадқиқоти илмии кафедра бо назардошти талаботи адабиётшиносии муосир ва ҷомеа дар масъалаи шинохт ва маърифати осори адабии гузашта ба миён гузошта шудааст.
Аъзои кафедра бо донишмандони хориҷаи дуру наздик - Шариф Ҳусайни Қосимӣ, Чандер Шекҳар, Қамар Ғаффор, Ахлоқ Оҳон(ҳар чор аз Ҳиндустон), Шафеии Кадканӣ, Сируси Шамисо, Асғари Додбеҳ, Мӯсавии Гарморӯдӣ (Эрон),Орифи Навшоҳӣ (Покистон), Александ Ҳайзер (Олмон) Н.И.Пригарина (Маскав), О.Ф.Акимушкин, С.И. Баевский (Санкт-Петербург), Ш.Шомуҳаммадов, Б.Назиров, Ш. Мӯсоев (Тошканд), В.Валихоҷаев, С. Саъдиев (Самарқанд) ваамсоли ин пайванду иртиботи қавӣ доранд. Ҳамин аст, ки гузоришоти илмии аъзои кафедра дар ҷаласаҳои илмии умумиҷаҳонӣ ва байнидавлатӣ густариш ёфтаанд. Ду китоби арзишманд ва силсилаи мақолоти илмии профессор равоншод А.Насриддинов, мақолаҳои илмии дотсентон Н.Нуров, Ш.Тоҷибоев, С.Саидов, Ҳ.Зоиров, С.Мирзоев дар мамолики хориҷӣ матбӯъ ва тақриз шудаанд. Профессор А.Насриддинов дар конфронсу симпозиумҳои байналхалқии Теҳрон (1994, 2001), Табрез (1996), Машҳад (1999), Маскав (2001), Қазоқистон (2007), дотсент Н.Нуров дар конфронсҳои байналмилалии Теҳрон (2004, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011), Табрез (2005, 2007), Душанбе (2004, 2007, 2008),Қазоқистон (2012)Лаҳистон (2013), Покистон (2014), Олмон (2014), Арманистон (2016), Қирғизистон (2016), Ш.Тоҷибоев Теҳрон, (2007, 2012), Истамбул (2012), С.Саидов Теҳрон, (2011), Ҳ. Зоиров. Зоҳидони Ҷумҳурии исломии Эрон (2011), С.Мирзоев Теҳрон, (2012) бо маърӯзаву гузоришоти илмӣ ширкат намудаанд. Кафедра бо Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, ДМТ, ДДОД, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Ҷумҳурии исломии Эрон, Китобхонаи Ганҷбахши Покистон, Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Русия, донишгоҳҳои Ҳиндустон иртиботи қавӣ дорад, ки дар ҳамкориҳои густурдаи илмӣ, таҳриру тақризи таълифоти якдигар ба зуҳур меояд.
Дар заминаи ҳамкориҳои илмии кафедра бо муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ пайваста конфронсҳои илмии байналмилалӣ баргузор мешавад. Маҳсули ташаббусҳои кафедраи адабиёти классикии тоҷик буд, ки соли 2007 дар донишгоҳ конфронси байналмилалии “Румӣ ва Гуте: муколамаи фарҳангҳо”, соли 2008 намоиши байналмилалии таҳти унвони “Ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва забони тоҷикӣ дар муколамаи фарҳангҳо”, соли 2009 чунин ҳамоиш бо номи “Муколамаи фарҳангҳо: Ҷойгоҳи Имом Абӯҳанифа дар тамаддуни исломӣ ва ҷаҳонӣ”, соли 2014 “Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо бо ширкати муҳаққони номваре аз кишварҳои Русия, Олмон, Эрон, Ҳинд, Ӯзбекистон, инчунин муассисаҳои илмии шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд. Маҷмӯи гузоришҳои илмии ҳар чаҳор конфронс ба табъ расида дастраси аҳли назар гардид. Соли 2013 бошад ба муносибати 60 солагии адабиётшиноси номвари тоҷик, собиқ мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик профессор Абдулманнони Насриддин аз ҷониби кафедра конфронси илмӣ дар мавзӯи “Саҳми Абдулманнони Насриддин дар ташаккули адабиётшиносӣ ташкил ва гузаронида шуд. Маҷмӯаи мақолаҳо ва ёдномаҳои дӯстону ҳамкорону олимон таҳти унвони “Офтоби маърифат” дар таҳияи устодони кафедра Нуров Н., Султонзода Тоҷибой ва Неъматова Мавлуда аз тариқи нашриёти “Ношир” соли 2015 ба чоп расид.
Дар канори ин, соли 2016 дар натиҷаи ҳамкории кафедра бо донишгоҳи миллии Арманистон нахустин ҳамоиши Ховаршиносӣ ва бузургдошти Шайх Саъдии Шерозӣ дар ин донишгоҳ баргузор гардид, ки масъулияти дабирхонаи илмии конфронсро дар Осиёи Миёна кафедраи адабиёти классикии тоҷик ба ӯҳда дошт ва ҳамзамон симмати дабири илмии ҳамоиш бар ӯҳдаи мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик дотсент Нуралӣ Нуров буд.Дар назар аст, ки моҳи марти соли 2017 дувумин кунгураи байналмилалии шарқшиносӣ ва бузургдошти Бедили Деҳлавӣ дар Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон баргузор шавад, ки масъулияти дабирхонаи илмии ҳамоиши мазкурро дар Тоҷикистон боз ҳам кафедраи адабиёти классикии тоҷик бар ӯҳда дорад.
Натиҷаҳои тадқиқоти илмии кафедра дар раванди таълим на танҳо дар факултети филологияи тоҷики ДДХ, балки дар дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ низ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, таълифоти А. Насриддинов, “Фарҳанги мушкилоти адабӣ”(Хуҷанд, 1992), “Сеҳри мубин” (Хуҷанд, 1997), “Рӯдакӣ” (Хуҷанд, 1999), “Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форсу тоҷик” (Хуҷанд, Қ.1–2000, Қ.2–2001), «Чиҳил мақола», «Мантшиносии осори адабӣ» (2011), дотсентон Н.Нуров «Фурӯғи фитрати маънӣ» (2002, 2008 бо таҳриру иловаҳо), “Султони авранги сухан” (2015), М. Ӯрунова, “Баҳори борон дар масири фарҳангнависии форсу тоҷик” (Хуҷанд, 1993), “Фарҳанги мухтасари “Гулистон” (Хуҷанд, 1998), “Соиби Табрезӣ” (Хуҷанд, 2006), С.Саидов “Адабиёти давраи Сомониён дар фарҳангҳои форсӣ (Хуҷанд, 2000), Ш.Тоҷибоев “Тавсиф дар шеъри Ҳофиз” (Хуҷанд, 1993), “Мизони шеър” (Хуҷанд, 2002), Шарифов Ш. “Арзишҳои адабии “Интиҳонома”-и Султон Валад” ва амсоли ин дар такмили таълими таърихи адабиёти тоҷик, таҳлили матни асари бадеӣ, таърихи нақди адабӣ, назмшиносӣ ва курсҳои ихтисос мусоидат менамоянд.
Устодони кафедра дар тасҳеҳ таҳия ва нашри осори классикӣ низ иқдом намуда истодаанд. Аз ҷониби дотсенти кафедра Тоҷибоев Шарифҷон маснавиҳои “Гулшани роз”-и Маҳмуди Шабистарӣ,“Анис ул ошиқин”-и Қосими Анвор, Тоҷибой Султонӣ “Рисолаи сипаҳсолор”-и Фаридуни Сипаҳсолор, “Гулшани тавҳид” –и Муғлавӣ, Нуралӣ Нурзод “Девони Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ”, “Сад барги ғазал”-и Камоли Хуҷандӣ, “Сад барги ғазал”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, Мавлуда Неъматова “Девон”-и Шайдои Хуҷандӣ ва амсоли ин таҳия ва ба нашр расиданд.
Тайи панҷ соли охир бо саъю кӯшиши аъзои кафедраи адабиёти классикии тоҷик беш аз 40 рисолаи илмӣ, 13 дастур ва нишондоди таълимӣ, зиёда аз 300 мақолаи илмӣ ва илмиву методӣ ба табъ расиданд, ки ҷамъулҷамъ зиёда аз 300 ҷузъи чопиро ташкил медиҳанд.
Гузаронидани маҳфили ҳармоҳаи “Ганҷи сухан”, семинари илмию назариявии кафедра, маҳфили илмии донишҷӯён “Адабиётшинос”, иртибот бо иттиҳодияҳои эҷодию ҷамъиятӣ, идораҳои маҷаллаву рӯзномаҳо, радиову телевизион, мактабҳои таҳсилоти ҳамагониву омӯзишгоҳҳо ва дастгирии онҳо аз паҳлуҳои дигари фаъолияти кафедра маҳсуб мегарданд. Ҳамзамон, дар назди кафедра маҳфилҳои ҳафтаинаи “Маснавихонӣ”, “Ҳофизхонӣ” ва “Бедилхонӣ” амал мекунанд, ки барои боло бурдани маърифати адабиву бадеии хонандагон нақши муассир мегузоранд. Дар заминаи фаъолияти ин маҳфилҳо ҳамасола озмунҳои “Ҳофизхонӣ”, “Мавлавихонӣ” доир мешавад.
Cоли 2015 кафедраи адабиёти классикии тоҷик ду маротиба дар озмуни кафедраҳои беҳтарини донишгоҳ дар самти сифати таҳсилот ба гирифтани мақомҳои аввал ва савум дар миқёси донишгоҳ мушарраф гардид.Мудири кафедра дотсент Нуров Н. солҳои 2013 ва 2015 ба гирифтани ҷоизаи “Олими сол” шарафёб гардидааст.
Дар ин солҳо ба кафедра як гурӯҳ устодони ҷавон чун Қаюмова Фирӯза, Азизов Сорбон, Ҳоҷиев Абдуфаттоҳ, Шарифов Шодӣ ба кор ҷалб шудаанд ва дар канори устодони соҳибтаҷриба раванди таълимро пеш мебаранд. Ҳамзамон, давомисолҳои мазбур тибқи низоми зинагии таҳсилот як гурӯҳ шогирдони кафедра рисолаҳои магистрии хешро муваффақона ба дифоъ расонида, гурӯҳи дигар таҳти раҳнамоиҳои устодони кафедра ба иншои рисолаҳои магистрӣ машғуланд. Пас аз таъсиси зинаи таҳсилоти доктор PhD ду нафар докторантон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба таълифи рисолаҳои докторӣ машғул ҳастанд, ки инҳо Насимбек Қурбонзода докторанти соли дувум ва Ҳомидова Шамсия докторанти соли якум мебошанд.
Аз моҳи апрели соли 2016 то моҳи сентябри соли 2017 кафедраро номзади илмҳои филология, дотсент С. Саидов роҳбарӣ кардааст. Дар ин давра дар кафедра якчанд чорабиниҳои назарраси илмиву адабӣ баргузор гардид, ки яке аз онҳо гузаронидани даҳаи кафедраи адабиёти классикии тоҷик буд. Дар ин чорабинӣ бисёр паҳлӯҳои кори кафедра дар самти таълим, тарбия, илм ва равобити он бо дигар муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ рӯнамо гардид. Даҳаи мазкурро дар раёсати Донишгоҳмаҳфили адабии “Аз Рӯдакӣ то Фарзона” ҷамъбаст намуд. Ректори Донишгоҳ доктори илми таърих, профессор Ҷ.Ҳ. Ҷӯразода ба ин иқдоми кафедра баҳои баланд дода, баргузор шудани чунин чорабиниҳоро ба манфиати кори таълимию тарбиявӣ ва пешрафти фаъолияти илмии устодон арзёбӣ намуд.
Аз моҳи октябри соли 2017 то имрӯз сарварии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои филология, дотсент М.Р. Ӯрунова вогузор гардидааст.