​Дарси кушоди маҷозӣ: Силсилаи сеюми баҳрҳои фаръӣ

Дар донишгоҳ ташкил ва баргузолрии дарсҳои кушоди онлайнӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Гуфта мешавад, ки гузаронидани дарсҳои кушод яке аз воситаҳои шинос шудан бо адабиёти нав, омўхтани таҷрибаи устодони ботаҷриба ва густариш додани маҳорату малакаи педагогӣ маҳсуб меёбад.

Дар иртибот ба ин дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики факултети филологияи тоҷик Сорбон Азизов дарси кушоди онлайнии худро аз фанни назмшиносӣ дар мавзуи“Силсилаи сеюми баҳрҳои фаръӣ” бо донишҷўёни гурўҳи 303, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор намуд. Устод дар раванди машғулият бо истифода аз маҳорати касбӣ мазмуну мундариҷаи дарсро бо донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷиҳати нақш бастани дарс дар хотироти донишҷӯён, омӯзгор дар ҷараёни машғулиятӣ аз аёният ва таҷҳизоти муосир, воситаҳои техникӣ, аз қабили нурафшон, тахтаи электронӣ, муаррифиҳои пурмазмуни фаннӣ ва дадбиёти илмии соҳавӣ фаровон истифода бурда шуд.

Ҳамчунин дар раванди машғулият аз усулҳои фаъоли таълим коргирӣ гардид. Дарс аз рӯи барномаи таълимӣ ва силлабусҳо доир гардида, алоқаи байни назария бо амалиямушоҳида шуда, ба самти ихтисос вобаста карда шуд.

Дар зимн муҳимтарин нуқтаҳои дарсро донишҷӯён ба дафтари худ сабт менамуданд. Дар ҷараёни дарс серталабӣ ва рафтори ҷиддии омӯзгор нисбат ба дарс мушоҳида гардида, нақши муаллим дар ташаккули сифати шахсӣ ва касбии донишҷӯён аён буд.

Машғулияти мазкурро садорати факултет ва дигар факултетҳои донишгоҳ тариқи платформаи Zoom тамошо намуданд.

Ташкил ва баргузории чунин дарсҳои маҷозӣ дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ