​Ватан ҳифзи ту ифтихорам!

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти классикии тоҷики факултети филологияи тоҷик конфронси илмию адабӣ, таҳти унвони “Ватан ҳифзи ту ифтихорам” ба муносибати Рӯзи артиши миллӣ ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” бо иштироки меҳмонон, майор Мамадов Сайидмуродхон, майор Раҳматов Шараф ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст дотсенти кафедраи адабиёти классики тоҷик Саидумрон Саидов сухан гуфта, ҳамоишро ҳусни оғоз бахшид. Таъкид гардид, ки ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гашт ва имрӯз як артиши бузургро мемонад. Миллати тоҷик аз қадимулайём ватандӯсту хештаншинос буд ва бо шарофати фарзандони далеру шуҷоъ миллати тоҷик мероси ниёгонашро то ба ин дам пос дошта истодааст.

Сипас декани факултет профессор Замира Ӯлмасзода дар бораи аҳамияти ватандориву хештаншиносӣ ва нақши Артиши миллӣ дар ҷомеаи муосир ибрози назар намуд.

Дар идома профессор Нуралӣ Нурзод дар мавзуи “Тарғиби ғояи ватандӯстӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ” баромад карда, байтҳои шоири шаҳирро хеле хуб тафсир кард. Номбурда иброз дошт, ки дар ашъори тамоми шоирони мо мавзуи Ватан ва ватандӯстӣ мавқеи хорсаеро касб намудааст ва аз ҷумла дар байтҳои Камоли Хуҷандӣ гиромидошти Ватан баръало эҳсос мешавад.

Ҳамчунин майор Мамадов Сайидмуродхон дар бораи Артиши миллӣ, пайдоиш ва гиромидошти он сухан гуфт. Таъкид намуд, ки ҳар ҷавон бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат кунад.

Дар интиҳо суруду шеърҳои ватандӯстона аз ҷониби донишҷӯён пешкаши аҳли нишаст гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ