​Рӯнамоии китоби “Масъалаҳои нақду сухансанҷӣ дар адабиёти тоҷику форс (асрҳои ХVI-ХVII)

Дар факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси кафедраи адабиёти классикии тоҷик рӯнамоии китоби тозанашри дотсенти кафедра Маҳмадшоҳ Маҳмадшоев таҳти унвони “Масъалаҳои нақду сухансанҷӣ дар адабиёти тоҷику форс (асрҳои ХVI-ХVII) баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба таълим профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов, сардори раёсати таълим, дотсент Муҳиддин Сабурӣ ва сардори раёсати илм ва инноватсия Ромиз Абдуллоев иштирок доштанд. Чорабиниро мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик, дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев ифтитоҳ бахшида,доир ба нақши китоби Масъалаҳои нақду сухансанҷӣ дар адабиёти тоҷику форс (асрҳои ХVI-ХVII) ибрози назар намуд.

Сипас, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов дар доираи ҳафтаи илм рӯнамоӣ ва муаррифӣ намудани китобҳои тозанашро иқдоми нек ва муфид арзёбӣ намуд. Дар идома декани факултет, профессор Замира Ӯлмасзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки муаррифии китоби тозанашри дотсенти кафедра Маҳмадшоев Маҳмадшоҳ таҳти унвони “Масъалаҳои нақду сухансанҷӣ дар адабиёти тоҷику форс (асрҳои ХVI-ХVII) дар доираи ҳафтаи илм яке аз иқдомҳои наҷиб унвон намуд.

Роҷеъ ба арзишу аҳамияти китоб дотсентони кафедраи адабиёти классикии тоҷик Шарифҷон Тоҷибоев, Ҳалимҷон Зоиров, Субҳон Аъзамов ибрози андеша намуданд. Қайд гардид, ки китоби дотсенти кафедра Маҳмадшоев Маҳмадшоҳ таҳти унвони “Масъалаҳои нақду сухансанҷӣ дар адабиёти тоҷику форс (асрҳои ХVI-ХVII) кори арзишманди илмӣ буда, роҷеъ ба омӯзиши адабиёти классики асрҳои ХVI-ХVII сарчашмаи хуб мебошад. Ҳамчунин дотсенти кафедраи таърихи ватан Ҷӯрабек Исомаддинов роҷеъ ба аҳамияти таърихии китоб андешаҳои худро баён намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки асари мавриди назар ба масъалаҳои ҷойгоҳи нақд дар тазкираҳо ва осори таърихии адабиёти тоҷику форс, заминаҳои ташаккул ва рушди нақд, анвои нақди адабӣ, намунаҳои нақди адабӣ ва афкори дар сосри адабиву таърихӣ, нақшу арзиши адабии осори таърихиву адабии асрҳои XVI- XVII, авзои иҷтимоиву фарҳангӣ ва таҳаввули афкори адабӣ, мушуаххасоти фикриву маърифатии суханварон, шеваи баён ва андешаҳои адабии шуарои қарни XVI- XVII, мактабҳо ва ҳавзаҳои адабии давр ва таъсири он ба адабиё, доираҳои адабии Мовароуннаҳру Хуросон ва Шибҳи Қора бахшида шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ