Маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳ
Сардор
Телефон барои маълумот
-
- +992929010101
- Телефон
Дар заминаи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №529 ва фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.07.2007 “Дар бораи гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ” соли 2009 дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази бақайдгирӣ ва машварат таҳти роҳбарии дотсент Абдуҷаббор Абдуллоев таъсис ёфт ва барномаи дурнамои зина ба зина ҷорӣ намудани ин низом қабул гардид. Маркази мазкур ҳамчун хадамоте, ки дастовардҳои донишҷӯёнро оид ба тамоми шаклҳои фаъолияти таълимии онҳо дар давраи таҳсил тибқи низоми кредитӣ ба қайд мегирад, шинохта шуда, ба зиммаи он ташкили тамоми намудҳои назорати натиҷаҳои донишандӯзӣ ва муайян кардани рейтинги академии донишҷӯ гузошта шуд. Минбаъд ҷиҳати пешбурди ин низоми таҳсил дар донишгоҳ,рушду такомул ёфтани маркази мазкур дотсентон Турдибой Турдиев, Ҷамшед Раҳимов, Манзура Нуриддинова, Абдусалом Ахмедов саҳми назаррас гузоштанд. Сол аз сол баробари зиёдшавии шумораи донишҷӯёни тибқи низоми кредитӣ таҳсилкунанда, сафи кормандони Марказ низ зиёд гардида, ба ҳайси кормандони Марказ нозирони шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи факултетҳои донишгоҳ таъин шуданд.
Айни ҳол Маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳ ҳамчун ҷузъи сохтории раёсати таълими донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (19/24, 30.12.2016), «Низомномаи намунавии Маркази бақайдгирӣ ва машваратии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№18/7, 28.08.2014), “Оинномаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда, барои ташкил, танзим ва таҳлили ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ таҳти роҳбарии дотсентон Нодирахон Дадобоева ва сарнозир Илҳом Каримов пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ҷоиз ба қайд аст, ки дар партави иҷрои талаботҳои Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба сессияҳои имтиҳонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва салоҳиятҳои донишҷӯён ва супориши ректори донишгоҳ баробари санҷишҳои фосилавӣ ва ниҳоӣ санҷиши ҷорӣ низ ба роҳ монда шуд. Мусаллам аст, ки баҳодиҳӣ низомест барои муайян намудани самаранокии раванди таълим ва ҷамъбасти саривақтии мақсадҳои пешбинишуда истифода мешавад. Баҳодиҳӣ давомдор буда, дар вақти банақшагирӣ оғоз ёфта, бо таҳлили натиҷаҳо ба охир мерасад. Айни ҳол дар донишгоҳ чунин шаклҳои санҷиш пешбинӣ шудааст: санҷиши ҷорӣ (ҳафтаина), ҳимояи кори мустақилона (семестрӣ), санҷиши фосилавӣ (рейтинги 1 ва 2),ҳимояи кори курсӣ, санҷиши рафти таҷрибаомӯзиҳо, санҷиши марҳилаҳоикори (лоиҳаи) дипломӣ, рисолаҳои хатм. Мавҷудияти санҷишҳои гуногун дар ҳамаи марҳилаҳои таҳсил нисбати фанҳои таълимӣ донишҷӯро ба омӯзиши такрории мавзуъҳои гузашта водор намуда, барои баланд бардоштани сифати азхудкунии фанҳо мусоидат мекунад. Баҳодиҳии ҷориву фосилавӣ боиси беҳтаршавии раванди таҳсил гардида, баҳои ҷамъбастӣ барои баровардани қарор оид ба итмом расонидан ё давом додани раванд имконият медиҳад. Маркази бақайдгирӣ ва машварат кӯшиш ба харҷ дод, ки барои ҳар як даври академӣ ҳадди ақали холи умумии миёна GPA – и донишҷӯёнро муайян намоянд. Ҳамзамон, транскрипти донишҷӯёни барқарор ва интиқолшуда таҷдиди назар карда шуданд, маълумот оид ба донишҷӯёни қарздор бо инъикоси “кӯшиши якум” ва “кӯшиши дуюм” бо кушодани саҳифаи “Қарздорон” тарҳрезӣ гардид. Назорати қатъии давомоти донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ, пешниҳоди маълумотномаи академӣ (транскрипт), замимаи диплом оид ба хатми муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баҳисобгирии натиҷаҳои ҳаракати донишҷӯён, мураттабсозии нақшаи таълимии фардӣ, ташкили триместр ва ғайра самтҳои дигари фаъолияти Маркази бақайдгирӣ ва машварат мебошанд.
Маркази мазкур минбаъд низ фаъолияти худро баҳри такмили механизми идоракунии раванди таълим дар асоси таъсиси манбаи маълумоти таълимӣ, илмӣ, методӣ ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ равона намуда, ҷиҳати рушди сатҳи худомӯзӣ ва азхудкунии эҷодии дониш дар асоси фардикунонӣ ва интихобӣ будани траекторияи таълим дар доираинизоми қатъии раванди таълим ва баҳисобгирии ҳаҷми дониш дар шакли кредит кӯшиш ба харҷ медиҳад.