ДДХ: Тағйирот дар низоми холгузорӣ

Оғоз аз нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020–2021 дар низоми холгузории ҳафтаинаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тағйирот ворид гардид. Дар ин бора сардори Маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳ, дотсент Нодирахон Дадобоева иттилоъ дод.

Мутобиқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти №3 аз 29.10.2020 низоми 10 холӣ ҷорӣ шуд. Хусусияти асосии баҳогузории муосир дар ҷараён ва гуногунии он аст ва аз омӯзгор интизори иқдомоте фаротар аз санҷишҳои анъанавӣ дорад, то тасвири пурра аз шахсияти ҳамаҷонибаи донишҷӯён пешниҳод карда шавад.

Натиҷаи ин навъи санҷиш ва баҳодиҳӣ бо мақсади рушд ва такмили донишҷӯён истифода мешавад ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки аз ҳар донишҷӯ рушду камолотро дар ҳадди имконияти худи ӯ интизор аст, - мегӯяд Нодирахон Дадобоева.

Имрӯз ин усули санҷиш, ки фарқиятҳои инфиродии донишҷӯёнро мепазирад ва ба қобилияти рушди ҳар яки он эътимод дорад, дар низомҳои пешрафтаи омӯзишӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, марҳилаи муҳим эътироф шудааст. Аз ин рӯ, ҳар ҳафта (ё ҳар рӯз дар низоми сиклӣ) ба донишҷӯ то 10 хол баҳо гузошта мешавад: 2 хол барои давомот ва намуди зоҳирӣ, 4 хол барои иҷрои корҳои мустақилона, 4 хол барои сатҳи дониш. Холҳои гузошташаванда (ғайр аз 0) бояд ба адади 1 воҳид каратӣ бошанд.

Новобаста аз миқдори ҳафтаи хониш (ё рӯзи хониш дар низоми сиклӣ) дар ҷамъбастиҳафтаҳо (ё рӯзҳо) бо истифода аз барномаҳои махсус холи имконпазир то ба 100 баробар карда мешавад.

Дар ҳолати дар таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ (ё таълимӣ) қарор доштани донишҷӯён холҳои ҷорӣ ҳар ҳафта аз ҷониби роҳбари таҷрибаомӯзӣ ( то 10 хол) гузошта мешавад.

Гуфта мешавад, ки холи умумии санҷишҳои ҷорӣ барои фанҳои алоҳида чунин ҳисоб карда мешавад:

n – миқдори санҷишҳои ҷорӣ вобаста ба ҳафтаи таълим (ё рӯзҳои таълим дар раванди сиклӣ).

Ба санҷиши фосилавии якум (СФ1) то 100 хол ва ба санҷиши фосилавии дуюм (СФ2) низ то 100 хол гузошта мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ