Шуъбаи табъу нашри Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”
Сардор
Телефон барои маълумот
Шуъбаи табъу нашр бо фармоиши ректори донишгоҳ №237 аз 23.11.2017 дар сохтори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ таъсис шудааст. Шуъба ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмии олимони донишгоҳ, баланд бардоштани сифати табъу нашри асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, монографияҳо, дастурҳои илмӣ ва дигар таълифоти илмии олимону устодони донишгоҳ, таъмини рақобатпазирии сифат ва муҳтавои осори илмии нашршаванда, мутобиқ гардонидани нашрияҳо ба стандартҳои қабулгардида таъсис ёфта, ба нақшагирӣ ва тавсияи нашри монография, китобҳои дарсӣ, баргардон, таҳия ва тарҷумаи осор, барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, брошюра, фишурдаву маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодону аспирантон ва кормандони донишгоҳро таъмин менамояд.
Фаъолияти табъу нашрии ҷомеаи донишгоҳ низ бар мабнои қарору пешниҳодҳои Шурои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-тадқиқотӣ амалӣ мегардад. Давоми фаъолияти Шурои мазкур солҳои 2017-2025 беш аз 700 номгӯи китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои илмӣ баррасӣ гардида, дар ҳар ҷаласаи навбатӣ ва ғайринавбатии он бо пешниҳоди шуъбаи табъу нашри донишгоҳ аз 4 то 9 номгӯи китобҳо мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегиранд. Танҳо баъди иҷозати Шуро ва дарёфти нусхаи қарори Шурои илмӣ-методӣ муаллифи китоби пешниҳодшуда, метавонад соҳиби иҷозати чоп гардад.
Дар шуъбаи табъу нашри донишгоҳ феълан (соли 2026) ду нафар, Раҳимов Исломҷон Усмонҷонович, номзади илмҳои филология, дотсент, ба ҳайси мудири шуъба ва Юсупов Зоҳирҷон Зарифҷонович ҳамчун сармутахассиси шуъба иҷрои вазифа дошта, пеш аз ҳама, тибқи стандартҳои давлатӣ ва меъёрҳои нашри асарҳои илмӣ ва мувофиқи талаботи қоидаҳои амалкунандаи забони тоҷикӣ раванди таълиф ва тадвини корҳои табъу нашрии устодон ва кормандони донишгоҳро назорат ва мавриди таҳриру таҳия қарор медиҳанд.
Дар асоси қарорҳои Шурои олимони донишгоҳ ва фармоишҳои ректори донишгоҳ муаллифони монографияҳои илмӣ бо мукофтпулии якдафъина, дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ва муаллифони мақолаҳои илмие, ки дар маҷаллаҳои дар КОА Федератсияи Русия номнавис шудаанд, аз 300 то 600 сомонӣ қардшиносӣ мегарданд.