Кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ
Мудири кафедра
Телефон барои маълумот
Таърихи кафедра аз соли 1934 ибтидо гирифта, дар он айём устодон ва муҳаққиқони илмҳои педагогика ва психология якҷоя дар кафедраи педагогика фаъолият мебурданд. Ин кафедраи умумидонишгоҳӣ дар ҳамҷоягӣ бо факултетҳо дар тайёр кардани омӯзгорони оянда мақоми ҳалкунандаро бар уҳда дошт. Дар он давра як қатор мутахассисони равоншинос ба монанди М.Г. Ярошевский, Л.А. Венгер, А.И. Липкина машѓулиятҳои касбиро мебурданд ва саҳми ин олимони барҷаста ба ҳайси аввалин олимони равоншинос дар Тоҷикистон дар рушду нумӯи илми психологияи тоҷик хеле назаррас аст.
Ярошевский М.Г. – психологи барҷаста, доктори илмҳои психологӣ, профессор. Фаъолияти илмӣ ва омӯзгории худро пас аз хатми Донишгоҳи давлатии ш. Масква ба номи М.В.Ломоносов дар Тоҷикистон дар кафедраи педагогикаи ДДОЛ; баъдан дар кафедраи психологияи ДДО Кӯлоб идома додааст. Липкина А.И. – педагог-психолог, доктори илмҳои психологӣ, профессор. Донишкадаи давлатии омӯзгории Маскавро хатм намудааст(1939). Солҳои 1942-1943 вазифаи мудири кафедраи педагогикаи ДДОЛ ба номи С.М.Кировро ба уҳда дошт. Аз ин ҷо, ин олимони равоншиносро поягузорони илми психологияи тоҷик номида, ибтидо ва таърихи таъсисёбии психологияро бо ному пайкори онҳо пайвастан мумкин аст.
Кафедраи мустақили психология соли 1963 ташкил ёфта , аввал номи кафедраи психология (с.1963- 64), сипас (с. 1964- 88), психологияро дошт. Аз соли 1989 кафедра бо номи кафедраи психологияи умумӣ дар ҳайси яке аз кафедраҳои умумидонишгоҳии ДДХ фаъолият дорад. Нахуст вазифаи сарварии кафедраро аз аввали таъсисёбиаш (с. 1963) номзади илмҳои педагогӣ , дотсент А.Т.Тошматов ба уҳда дошт. Ин олими равшанзамир тамоми самтҳои фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии кафедраро мутобиқи талаботи мактабҳои олии омӯзгорӣ ба роҳ монда , аз рӯзҳои аввали ташкилшудани кафедра диққати асоси ба ҷаъм намудани кадрҳои баландихтисос равона карда шуд. Дар натиҷаи кӯшишу ғайрати А. Тошматов пояи илмию методии он низ мустаҳкам гардид. Соли 1968 сармуаллими кафедра Дадабоева Ш.Д рисолаи номзадии худро , ки ба «Татқиқи малакаҳои меҳнати ҳамҷун омили ташаккулёбии шахсияти мактаббачагони хурдсол» бахшида шуда буд, ҳимоя намуда , ба унвони илмии номзади илми психология мушарраф гашт.
Соли 1969 А.Т. Тошматов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ташаккули шахсияти мактаббачагон, дар мисоли тарбияи ватандӯстӣ» ҳимоя намуд. Ин олимаи соҳибунвон дар тарбияи шогирдон – устодони соҳибтаҷрибаи кафедра низ саҳми арзанда доранд. Соли 1970 сармуаллимаи кафедра М.Э . Зуфарова рисолаи номзадии худро дар шаҳри Тошканд таҳти роҳбарии психологи машҳур И.И. Иванов ҳимоя намуданд. Солҳои 1973 -1986 сарварии кафедра ба ӯҳдаи устоди шодравон , номзади илми психология, дотсент Ш.Д. Дадобоева вогузошта шуд. Дар он солҳо таҳти роҳбарии аввалин олимаи тоҷик дар соҳаи равоншиносӣ Ш.Д.Дадабоева баробари фаъолияти таълиму тарбиявӣ, бурдани татқиқоти илмӣ корҳои ташвиқоти байни духтарон аз тарафи муаллимаҳо М.Э. Зуфарова ,Ҳакимова М,Б, Мансурова А.Р хеле хуб ба роҳ монда шуда буд. Алоқаи кафедра бо маорифҳои вилояту шаҳр оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷуён ба роҳ монда шуда буд, ки ин ёрии амалии худро мерасонад. Дар самаранок гаштани фаъолияти кафедра дар ҳама ҷабҳаҳо хузматҳои шоёни сарлоборанти кафедра Иброҳимова М ва лоборанти кафедра Угличина Лена саҳми арзанда дошт. Дар ин солҳо дар кафедра номзадони илмҳои психологӣ М.Э. Зуфарова , Л.С. Лучанская , устодони соҳибтаҷриба А. М. Аҳмадов, Ф.Р.Рӯзиев , С.Б.Зилберман, Л.Г. Балакина, муаллимони ҷавон Ҳакимова М.Б, Нумонов У.Н, Н.Ф. Федюк , Ю. Бадалов, Мансурова А.Р, Мингбоев. А.Ю кор мекарданд. Дар ин муддат фаъолияти кафедра ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам миқдор инкишоф ёфт. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши муаллимони ҷавон дар кафедра семинарии илмӣ – методӣ амал мекард, ки дар он лоиҳаи лексияҳо ва нақшаи машѓулиятҳои амалиии устодон мавриди муҳокима мегаштанд. Муаллимони кафедра дар шаҳрҳои Москва , Ленинград, Тошканд, Душанбе аз курсҳои чормоҳаю нимсолаи такмили маҳорати касбӣ ва коромӯзии семоҳа мегузаштанд, дар ҳамоиши конфронсҳои умумииттифоқию ҷумҳуриявӣ оид ба масоили мубрами илми равоншиносӣ иштирок мекарданд.
Барои баланд бардоштани нерӯи илмии кафедра низ шароити мусоид ба амал омад. Устоони ҷавони кафедра Нумонов У.Н, Бадалов Ю, Ҳакимова М.Б, Мансурова А. Р ба аспирантураи рӯзонаю ғоибона дар назди кафедраҳои психологияи шаҳрҳои Маскаву Тошканд дохил шуда, зери роҳбарии олимони ботаҷриба тадқиқотҳои илмӣ мебурданд. Соли 1986 муаллимаи ҷавони кафедра Лучанская Л.С рисолаи номзадии худро дар мавзӯи « Муносибати шуурона нисбат ба фаъолияти таълимӣ бачагони 6-7 сола» дар шӯрои ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Москва бо муваффақият ҳимоя кард ва сазовори унвони номзади илмӣ психологӣ гашт. Соли 1986 сармуаллим Ф.Р. Рӯзиев иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра буд. Солҳои 1986-1991 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои педагогӣ , дотсент В. И. Роенко ба ӯҳда дошт. Дар ин солҳо сафи аъзоёни кафедра аз ҳисоби муаллимони ҷавон М. М.Раҳимова , Р.Х. Бобоев , Ш. Исмоилов, Н. Шаҳидов ва чанде дигарон зиёд гашт, ва қувваи илмӣ – методии кафедра боз ҳам пурқувват гашт. Собиқ мудири кафедра В.И. Роенко рисолаи доктории худро дар Русия ҳимоя карда фаъолияти минбадаи худро дар он ҷо давом дода истодааст.
Дар вусъати корҳои илмӣ-татқиқотии кафедра хизмати номзадҳои илми психология, дотсентон Ш.Д. Дадобоева ва М. Э. Зуфарова хело калон аст. Натиҷаи ѓамхории ин устодони маърифатпарвар буд, ки солҳои 1989- 1990 дар пурқувват гаштани неърӯи илмии кафедра такони ҷиддӣ ба амал омад: чор нафар устодони кафедра рисолаҳои номзадии худро дар Шӯроҳои диссертатсионии назди мактабҳои олии ш.Маскав Нумонов У «Ташаккулёбии устувории худбаҳодиҳи дар талабагони синни хурди мактабӣ» соли 1987. Ҳакимова М.Б « Ташаккулёбии ба худбаҳодиҳии наврасони хурдсол» соли 1989. Мансурова А.Р «Мавқеи ваҷҳои таълимӣ дар самаранокии идроки шунавоии нутқ» соли 1990. Мингбоев А.Ю «Хусусиятҳои психологии таъсири ананаҳои халқи ба маънавиёти наврас» соли 1991 бо муваффақият ҳимоя намуданд. Солҳои 1992 -2004 ба кафедра номзади илмҳои психологӣ, дотсент Нумонов У роҳбарӣ кардааст. Дар ин солҳо ба сафи устодони равоншиноси кафедра муаллимони ҷавон Бойматов С.З, Мамадалиева Г.А, Солибоев Ҳ.М ҳамроҳ шуданд. Таҳти роҳбарии устоди соҳибтаҷриба ҳамеша ба хушсифат гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ-амалӣ диққати махсус медод. Дар кафедра семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва методӣ амал мекард. Ба семинари илмӣ–назариявӣ дотсентон Ҳакимова М. Б ва Мансурова А.Р , ба семинари методӣ сармуаллимон Раҳимова М ва Бойматов С,З роҳбари мекарданд. Мақсаду вазифаи ин семинарҳо барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии омӯзгорон вобаста буд. Дар ин солҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва маърифатнокии ҷомеъа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят « Хонишҳои сиёсӣ» ташкил карда шуда, кафедра барои босамар гузаронидани онҳо саҳми арзанда дошт. Дар амали гардондани донишҳои психологӣ кӯшиш мекард. Дар назди ташкилотҳои ғайридавлати «Зан ва ҷомеъа» бо мақсади пешгири кардани нашаъманди дар байни ҷавонон телефонии бовари ташкил карда шуд, барои муайян кардани ҳолати равони дар ПМТК-и назди беморхонаи ноҳияи Б.Ғафуров Нӯмонов У. фаъолият доштанд.
Аз соли 2004 то соли 2011 сарварии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои психологӣ, дотсент А.Р.Мансурова гузошта шуд. Дар ин давра низ фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмии устодони кафедра ба татбиқи усулҳои истифодаи назарияҳои равоншиносии муосир дар раванди таълим, таҳкими масъалаҳои таълимӣ–методӣ, ҷамовари ва истифодаи адабиётҳои навин дар таълим, тарбия ва ташаккули шахсияти донишҷӯёну хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо назардошти хусусиятҳои равонию- инфиродии онҳо равона карда шуд. Дар кафедра ҳамҷунин семинарҳои илмӣ- назариявӣ ва методӣ ҳамҷун омили асосии тарбияи малакаҳои касбии омӯзгорони ҷавон амал мекарданд. Семинарҳои илмӣ- назариявӣ, семинарҳои мето дӣ чун пештара барои самарабахшии фаъолияти устодон равона карда шуданд. Дар ин давра ба қувваи илмии кафедра нерӯҳои нав ҷам гардид . Устодони кафедра Бойматов С.З ва Бобоев Р.Х дар шӯрои диссертатсионии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Зери сарварии дотсент Мансурова А.Р. фаъолияти психологияи амали дар кафедра вусъат ёфт. Ин давра давраи тадбиқи равоншиносии амалӣ дар вилоят гашт. Ассотсиатсияи равоншиносони вилоят ташкил карда шуда кафедра барои тайёр кардани равоншиносони мактабӣ замина гузошт .Аввалин фаъолияти худро дар ин ҷода кафедра дар мактаби таҳсилоти умумӣ №12 ва гимназияи №1 ба номи М. Осимӣ оѓоз намуд ва ин самти фаъолият самараи худро нишон дод. Ҳамҷунин барои оммави гардонидани асосҳои донишҳои психологии ҷомеа , пойдор сохтани муҳити солими психологӣ дар оила , расонидани кӯмаки психологӣ дар тарбияи насли наврас бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар назди кумитаи кор бо занон телефони боварӣ ташкил карда шуд. Ҳамкории кафедра бо кумитаҳои кор бо занон ва оилаи ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят вусат ёфта барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, хушунатҳои оилавӣ ва нигоҳдории муҳити солими равонӣ дар ҷомеа саҳмгузор гашт. Робитаву ҳамкории кафедра бо олимони равоншиноси Донишгоҳи Колумбияи ш. Ньюйорк ИМА, донишгоҳи омӯзгори ш. Москав, донишгоҳи омӯзгории забонҳои хориҷии ш. Москав, ДДМТ, ДОД бо номи С. Айнӣ, бо олимони пажӯишгоҳи илми татқиқоти АИП-и собиқ ИЧШС, барқарор гашт.
Соли 2011 номзади илмҳои педагогӣ , дотсент Р. Х. Бобоев мудири кафедра таъин шуд. Дар кафедра номзадони илм , дотсентон А.Б. Бобоев , У. Н. Нумонов, А. Р. Мансурова, М. Б. Ҳакимова , С.З. Бойматов, А. Ю. Мингбоев , Г. А. Мамадалиева, сармуаллимон М.М. Раҳимова, Ш. Исмоилов , Ҳ.М. Солибоев, Н. Шахидов, муаллимон М. У. Нӯмонов , М. Бурҳонова, муаллим Ҳ. Зайтметов, сарлабарант М. Усмонова ва лаборант Н. Бобоҷонова фаъолият мебурданд. Дар ин давра низ фаъолияти кафедра ба рушту нумӯи тадқиқотҳои илмӣ равона карда шуда буд.Фаъолияти муаллимони ҷавон низ дар ин самтназаррас буд.Муаллими ҷавон Зайтметов Ҳ таҳти роҳбарии дотсент Мансурова А.Р рисолаи номзадии худро дар мавзӯи « Мавъқеи адабиёти бадеи дар ташаккули ҳисиёти эмпатики» (ҳамдарди) ба итмом расонд. Ба нақшаи таълимии кафедра фанҳои психологияи одам ,психологияи синусолӣ, психологияи омӯзгорӣ, психологияи иҷтимоӣ, психологияи махсус ва педагогикаи коррексионӣ дохил мешавад. Диққати асосии аъзои кафедра ба такмили усули таълими аз фанҳо ва баланд бардоштани сатҳу савияи илмии машғулиятҳои назариявию амалӣ равона гардида, баҳри татбиқи он аз усулҳои нав ба нави таълим самаранок мешавад. Аҳли кафедра дар мактабҳои таҳсилотии ҳамагонии шаҳру вилоят таҷрибаҳои гуногуни психологӣ мегузаронанд.
Самти муҳими фаъолияти аъзои кафедра корҳои татқиқотии илмӣ мебошад. Олимони кафедра оиди ба масъалаҳои умдаи илми равоншиносӣ дар конфронсҳои илмиву методӣ баромад мекунанд. Соли 2011 сармуаллимаи кафедра Мамадалиева Г.А рисолаи номзадии худро дар мавзӯи « Пешгири ва роҳҳои ислоҳи безобитаги (тривожност) наврасони муосир» дар шаҳри Нижный-Новгороди Русия ҳимоя намуд ва номзади илмҳои психологӣ гашт. Устоди ҷавони кафедра Ҳ.А.Зайтметов соли 2013 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Мавқеи адабиёти бадеи дар ташаккули ҳиссиёти эмпатикӣ» дар шӯрои дисертатсионии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Маскав бомувафақият ҳимоя намуда ба унвони номзади илмҳои психологӣ сазовор гашт. Ба корҳои илми тадқиқотии кафедра аз рӯи нақшаи дурнамои кафедра донишҷӯён низ шомил буданд. Онҳо ҳамасола таҳти роҳбарии устодони кафедра дар конфронсҳои илмӣ- амалӣ ва озмунҳо фаъолона иштирок мекунанд. Солҳои 2015-2016 мудирии кафедра ба зиммаи олими ҷавон дотсент Ҳ.А.Зайтметов гузошта шуд.
Дар ин давра низ фаъолияти кафедра дар самти корҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ назаррас шуд.Дар ин давра фаъолияти аъзоёни кафедра дар рушди амали гардонидани равоншиносии амалӣ самарабахш гардида дар назди кафедра утоқи «Машварати психологӣ» ба фаъолият шурӯ намуд.Сарварии фаъолияти марказ ба зиммаи дотсенти кафедра Г.А.Мамадалиева гузошта шуда фаъолияти он назаррас гашт. Аз августи соли 2016 мудирии кафедра ба зиммаи дотсент С.З.Бойматов гузошта шуд. Алҳол кафедра ба яке аз кафедраҳои пешқадами донишгоҳ табдил ёфта самараи фаъолияти он назаррас аст.