​Муаррифии дастовард ва имкониятҳои донишгоҳ

Як гуруҳ устодони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ ҷиҳати муаррифии донишгоҳ барои довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Гулистон рафтанд.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби омӯзгорон ба хонандагон доир ба шароити таҳсил, имконият ва имтиёзҳо барои довталабон, теъдоди ихтисос, кафедра ва факултетҳои донишгоҳ маълумот дода шуд.

Ба довталабон варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардида, ҳамзамон суолу ҷавоб сурат гирифт.

Омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ ба суолҳои довталабон посухҳои муфассал дода, онҳоро бо таърихи донишгоҳ, дастовард ва муваффақиятҳои устодону донишҷӯён шинос намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ