Низомнома

Н И З О М Н О М А И

ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД

БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ:

1.1. Мақоми олии идоракунии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шўрои олимон маҳсуб меёбад ва Низомномаи Шӯрои олимон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

1.2. Шўрои олимон дар доираи Оинномаи Донишгоҳ бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар назди Ректор таъсис дода мешавад.

1.3. Тартиби кори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мувофиқи Низомномаи Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ҳамчунин Низомномаи Шӯрои олимони Донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

1.4. Раисии Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро Ректори Донишгоҳ ба ўҳда дорад.

1.5. Ташкили фаъолияти Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба зиммаи котиби илмии он вогузор мегардад, ки Ректори Донишгоҳ котиби илмии Шӯрои олимони Донишгоҳро аз ҷумлаи аъзои Шӯрои олимон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

1.6. Ба вазифаи котиби илмии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шахсе таъин карда мешавад, ки дорои таҳсилоти олӣ, малакаи кор дар компутер, озодона гуфтугӯ кардан ва таҳияи ҳуҷҷатҳо бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, собиқаи корӣ дар Донишгоҳ на камтар аз панҷ солро дошта бошад ва вазифаҳои ӯ тибқи Дастурамали вазифавии котиби илмии Шӯрои олимони Донишгоҳ ба роҳ монда мешавад.

1.7. Котиби илмии Шўрои олимони Донишгоҳ бевосита ба Ректори Донишгоҳ тобеъ буда, мунтазам дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба иҷро мерасонад.

1.8. Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати ректор (раис), муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, директори китобхона, сардори Раёсати таълим, сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мудири шӯъбаи аспирантура, Раисони созмонҳои ҷамъиятӣ, роҳбарон ва мудирони воҳидҳои сохторӣ, Раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба, сармуҳосиб, инчунин дигар кормандони илмию омўзгорӣ таъсис дода мешавад. Ректори Донишгоҳ метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ҳайат ва миқдори аъзои Шўрои олимонро тағйир диҳад.

1.9. Ҳайати Шӯрои олимонро ректори Донишгоҳ тибқи фармоиш ба мӯҳлати се сол тасдиқ менамояд. Дар сурати тағйирот дар фаъолияти роҳбарикунандаи Донишгоҳ ва факултетҳо ба ҳайати раёсат тибқи фармони иловагии ректори Донишгоҳ тағйирот ворид карда мешавад.

1.10. Шӯрои олимони Донишгоҳ фаъолияти худро тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи Шӯрои олимон ба роҳ мегузорад.

1.11. Қарори Шўрои олимон аз тарафи ректори Донишгоҳ ба тасвиб расонида шуда, ҳукми воқеӣ мегирад.

1.12. Маҷлисҳои Шўрои олимон дар протокол қайд карда мешавад. Ба протокол Раиси Шўро ва котиби он имзо мегузоранд.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШЎРОИ ОЛИМОНИ

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ

АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ:

2.1. Муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани нерўи илмӣ, таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омўзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

2.2. Дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.3. Татбиқи амалии Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти болоӣ ҷиҳати таъмини тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои самтҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт.

2.4. Мусоидат ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмию омўзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи тадқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷўён.

2.5. Назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда.

3. ВАКОЛАТҲОИ ШЎРОИ ОЛИМОНИ

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ

АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ:

3.1. Масъалаи тасдиқ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ва мавриди амал қарор додани Низомномаи мазкурро ҳал менамояд.

3.2. Масъалаҳои вобаста ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, инноватсионӣ, методӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, робитаҳои байналмилалӣ, молиявӣ ва хоҷагидорӣ ва ғайраро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор ба тасвиб мерасонад. Инчунин номгӯи равияҳо, самтҳо, ихтисосҳоро муайян мекунад, нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ ва фарҳангиро тасдиқ мекунад, курсҳои омӯхташаванда, ҳаҷми соатҳои онҳоро муайян менамояд, шаклҳои назорати дониши донишҷӯён, вақти ягонаи оғоз ва анҷоми давраҳои таълим ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб мерасонад;

3.2. Масъалаҳои такмили идорӣ ва сохтории Донишгоҳ, аз ҷумла, ташкил ва барҳамдиҳии филиалҳо, шуъбаҳо, коллеҷҳо, факултетҳо, кафедраҳо, марказҳо, паркҳо, сехҳо ва корхонаҳои хурди илмӣ-истеҳсолӣ, пажӯҳишгоҳҳо, лабораторияҳо, инкубаторҳо, минтақаҳои таҷрибавӣ ва дигар ҷузъҳои таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро баррасӣ менамояд.

3.3. Масъалаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишгоҳро ҳаллу фасл менамояд.

3.4. Ҷадвали воҳидҳои кориро баррасӣ намуда, низоми пардохти музди меҳнатро дар мувофиқа бо Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи устодону кормандони Донишгоҳ тасдиқ мекунад.

3.5. Имтиёзҳои дохилиро барои ишғол намудани вазифаҳои сармуаллим, дотсент, профессор ва дигар кормандони илмию таълимӣ муқаррар ва татбиқ мекунад;

3.6. Низомнома оид ба фаъолияти илмии Донишгоҳ ва аттестатсияи онро тасдиқ мекунад.

3.7. Зинаи магистратура, докторантура (доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос), аспирантура ва докторантураро таъсис медиҳад.

3.8. Мувофиқи тартиботи муқарраршуда, шуъбаҳо, намояндагиҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои навро боз менамояд.

3.9. Низомнома, дастурамал, қоида ва дигар санадҳои ба фаъолияти Донишгоҳ ва сохторҳои он алоқамандро тасдиқ менамояд.

3.10. Нақшаҳои дурнамо ва мавзӯи пажӯҳишҳои илмиро баррасӣ намуда, тасдиқ менамояд.

3.11. Комиссияи тафтишотиро интихоб намуда, низомнома ва ҳисоботи онро тасдиқ мекунад.

3.12. Масъалаҳои тайёр кардани мутахассисон ва ҳавасмандкунии онҳоро баррасӣ намуда, барои баланд бардоштани ихтисос, дохил шудан ба магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос, аспирантура ва гузаронидани омӯзгорон ба вазифаи ходими илмӣ, таҷрибаомӯзӣ ҷиҳати анҷоми рисолаҳои номзадӣ, докторӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва омӯхтани таҷрибаи пешқадам дар зинаҳои таҳсилот тавсияҳо медиҳад.

3.13. Ҳайат ва хулосаи қарори комиссияҳо ва Шӯроҳои доимию муваққатан амалкунандаро тасдиқ мекунад.

3.14. Масъалаи аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон гузаронидани донишҷӯён, муайян кардани миқдори маблағи шартномаи таҳсил, озод кардани фарзандони устодону кормандони Донишгоҳ аз пардохти маблағи таҳсил ва каму зиёд намудани фоизи муайяни маблағи шартномаи таҳсили донишҷӯёнро баррасӣ менамояд.

3.15. Дар асоси арзёбии самаранокии фаъолияти илмию ташкилии шуъбаҳои таълим ва илм доир ба мувофиқи мақсад будан ва ё барҳам додани онҳо қарор қабул менамояд.

3.16. Номзадҳоро барои дохил шудан ба докторантура, аспирантура, гузаронидан ба вазифаҳои ходими хурд ва калони илмӣ, инчунин додани рухсатии эҷодии 3-моҳа, 6-моҳа ва яксола барои ба анҷом расонидани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, таълифи китобҳои дарсӣ ва дигар васоити таълимӣ тавсия намуда, мавзӯи рисолаҳои номзадиву докториро тасдиқ менамояд.

3.17. Барои ишғоли вазифаҳои озоди профессорию омӯзгорӣ, вазифаҳои илмӣ ва мудирони кафедраҳо озмун мегузаронад.

3.18. Харҷномаи даромад ва хароҷоти ғайрибуҷавии Донишгоҳро муҳокима ва тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи иҷрои харҷномаи мазкурро мешунавад ва хулосагирӣ мекунад.

3.19. Ҳисоботи фаъолияти молиявию хоҷагии Донишгоҳро мешунавад;

3.20. Масъалаҳои дигари ба фаъолияти Донишгоҳ марбутро баррасӣ менамояд.

4. Шўрои олимон дар сурати ҳузури аз се ду ҳиссаи аъзои Шўрои олимон фаъолият мекунад ва қарорҳои он бо иштироки аз се ду ҳисса асоси қонунӣ пайдо менамояд ва иҷрои он аз ҷониби ҳайати роҳбарикунанда, устодону кормандон ва таълимгирандагон ҳатмӣ мебошад.

5. Қарорҳои Шўрои олимони Донишгоҳ оид ба ҳамаи масъалаҳои таълимиву илмӣ бо роҳи овоздиҳии ошкоро, бо ҷонибдории аксарият қабул карда мешавад, вале ҳангоми гузаронидани озмун барои ишҒоли вазифаи мудири кафедра вазифаи озоди ҳайати устодону омўзгорон ва ҳайати илмӣ, додани унвонҳоидотсент, ходими калони илмӣ ва профессор овоздиҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида (пинҳонӣ) сурат мегирад.

6. Ҳангоми баробар шудани овозҳо ё нагирифтани миқдори зарурии овозҳои аъзои Шўрои олимон пас аз фосилаи як моҳ дар ҷаласаи навбатӣ масъалаи мазкур аз нав муҳокима гардида, мавриди овоздиҳӣ қарор дода мешавад.

7. Раиси Шўрои олимон иҷрои мунтазами қарорҳои Шўрои олимонро зери назорат гирифта, роҷеъ ба он ҳар се моҳ як маротиба дар ҷаласаи Шўрои олимон гузориш медиҳад.

8. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳолатҳои зерин метавонад қарори Шўрои олимонро бекор намояд:

8.1. Агар қарори қабулшуда хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармону қарорҳои мақомоти болоӣ бошад.

8.2. Агар қарори қабулшуда ба ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолиятиилмию методии Донишгоҳмухолифат кунад.

Шӯрои олимон