Низомномаи раёсат

Тасдиқ мекунам”

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

дотсент Мақсудов А.Т. ____________

тибқи қарори Шӯрои олимон №1

аз санаи 27-уми августи соли 2015

Н И З О М Н О М А И

РАЁСАТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД

БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ:

1.1. Низомномаи Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Оинномаи Донишгоҳва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

1.2. Фаъолияти Раёсати Донишгоҳ дар доираи Оинномаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар назди Ректор таъсис дода мешавад.

1.3. Шакли асосии фаъолияти Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузаронидани маҷлисҳо ба шумор меравад ва вобаста ба нақшаи корӣ аз тарафи Ректори Донишгоҳ даъват карда мешавад.

1.4. Раисии маҷлиси Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро Ректори Донишгоҳ ба ўҳда дорад ва ба зиммаи котиби илмии Шӯрои олимон (котиби маҷлиси Раёсат) ташкили фаъолияти маҷлис вогузор мегардад.

1.5. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати ректор (раис), муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, масъулини Раёсати таълим, сармуҳосиб, Раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба, котиби илмии Шӯрои олимон (котиби маҷлиси Раёсат) таъсис дода мешавад. Ректори Донишгоҳ метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ҳайат ва миқдори аъзои Раёсатро тағйир диҳад.

1.6. Қарорҳои Раёсати Донишгоҳ оид ба ҳамаи масъалаҳои таълимиву илмӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ-молиявӣ бо роҳи овоздиҳии ошкоро, бо ҷонибдории аксарият қабул карда мешавад.

1.7. Қарори Раёсат аз тарафи ректори Донишгоҳ ба тасвиб расонида шуда, ҳукми воқеӣ мегирад ва маҷлисҳои Раёсат дар протокол қайд карда мешавад, ки ба протокол Раис ва котиби он имзо мегузоранд.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ РАЁСАТИ

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ:

2.1. Дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»,Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.2. Татбиқи амалии Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти болоӣ ҷиҳати таъмини тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои самтҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт.

2.3. Ба роҳ мондани баррасии масъалаҳои фаврии асосии фаъолияти раванди таълиму тадрис, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, корҳои тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ-молиявӣ ва шаклҳои дигари фаъолиятро мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.4. Назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда.

3. ВАКОЛАТҲОИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ:

3.1. Масъалаи тасдиқ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ва мавриди амал қарор додани Низомномаи мазкурро ҳал менамояд.

3.2. Доир ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, корҳои илмию тадқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ, фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ қарор қабул менамояд.

3.3. Масъалаҳои ташкили раванди таълим - аз ҷумла, сатҳу сифати донишандӯзии донишҷӯён, вазъи давомот, пешрафт, хориҷу барқароркунӣ, оид ба баргузорӣ ва ҷамъбасти сессияҳои санҷишу имтиҳоноти зимистона ва тобистонаи соли таҳсил,оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, тағйири таносубимашғулиятҳои гуногуни таълимиро танзим намуда, инкишофи корҳои мустақилона ва амалии донишҷўёнро пешбинӣ ва ҳаллу фасл менамояд.

3.4. Ҳисобот оид ба раванди таълиму тарбия, корҳоиилмию тадқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ, фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории Донишгоҳро мешунавад ва масъалаҳои дигари ба фаъолияти Донишгоҳ марбутро баррасӣ менамояд.

4. Раиси Раёсат иҷрои мунтазами қарорҳои маҷлиси Раёсати Донишгоҳро зери назорат гирифта, роҷеъ ба он ҳар се моҳ як маротиба гузориш медиҳад.

5. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳолатҳои зерин метавонад қарори Раёсатро бекор намояд:

5.1. Агар қарори қабулшуда хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармону қарорҳои мақомоти болоӣ бошад.

5.2. Агар қарори қабулшуда ба ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолиятиилмию методии Донишгоҳмухолифат кунад.