Бахши такмили ихтисос

Бо дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих , профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло дар назди шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бахши такмили ихтисос ва кор бо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти худро оғоз намуд. Ҳадаф аз таъсиси ин бахш дар он аст, ки боз ҳам дар оянда ба донишгоҳ донишҷўёни бурунмарзиро ҳарчи бештар ҷалб намудан ва фиристодани устодон ва донишҷўён ба донишгоҳҳои берун аз ҷумҳурӣ мебошад. Чунончи соли 2018 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 нафар донишҷўёни факултети забонҳои шарқ щолибони озмуни Сафоратхонаи мардумии Чин дар ш.Душанбе ба донишгоҳҳои гуногуни ин кишвар фиристода шуданд. Бо мақсади боз ҳам дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳои забони чинӣ таи сол сол инҷониб бо ҳамкорӣ бо маркази Конфутсияи назди Донишкадаи кўҳӣ –металлургии Тоҷикистон вокеъ дар ш.Бўстон мутахахсисони забони чинӣ аз Чумҳурии мардумии Чин даъват карда мешаванд. Имсол низ омўзгор Ли Мейзи ба донишҷўёни факултети забонҳои шарқ таълим медиҳад.

Як падидаи наве, ки бо ташабусси ШРБ ощоз ёфт- ин ба тариқи онлайн дар курсҳои такмили ихтисоси давлатҳои хориҷӣ иштирок кардани устодони донишгоҳамон мебошад.Устодони факултети биология –химия дотсентон Тиллобоев А.ва Ахмедова З. дар курси такмили ихтисоси донишгоҳи давлатии Олтой иштирок карда аз рўи ихтисоси «химия» соҳиби диплом гаштанд. Алҳол се устодони факултети физикаю-техника Тошхўҷаев Х.,Усмонов А. ва Ашурова Т. аз рўи ихтисоси «электроника» дар донишгоҳи мазкур такмили ихтисос гузашта истодаанд.

Соли равон бо ташабусси шўъба ва дастгирии роҳбарияти донишгоҳ курсҳои омўзиши забони англисӣ барои устодон ва кормандони донишгоҳ таъсис дода шуд, онро 114 нафар устодони донишгоҳ хатм намуда, соҳиби сертификат шуданд.Соли ҷорӣ низ ин иқдом давом дода шуда, курсҳои омўзиши забони англисӣ ва русӣ таъсис дода шуданд.

Ӯҳдадориҳои шаҳрвандони хориҷӣ

Тартиби_қабули_шаҳрвандони_хориҷӣ

Хуҷҷатҳои_лозима_барои_қабули_шаҳрвандони_хориҷӣ

Қоидаҳои_гирифтани_раводид_барои_шаҳрвандони_хориҷӣ

Номгӯи_ҳуҷҷатҳои_дохилшавӣ_барои_шаҳрвандони_ватанӣ_ва_хориҷӣ