Кафедраи умумидонишгоҳии информатика
Мудири кафедра
Телефон барои маълумот
Кафедраи умумидонишгоҳии информатика фаъолияти худро аз моҳи ноябри соли 2014 оғоз кардааст. Дар пешбурди самтҳои фаъолияти кафедра устодон - Абдуллоев Абдуҷабор, Бақоева Муқаддамхон, Набиева Мақсад, Юнусова Умрӣ, Рӯзимуродов Абдулҳай, Ахмедов Ҳусенбой, Каримов Илҳом, Икромова Инобатҷон, Аҳмадбекова Мадинахон, Абдуллоева Маҳфуза, Юсупова Фирӯза, Шамсидинов Хуршедҷон, Шерматов Ҷавлонбек, Дадоҷонов Бобоҷон, Абдуллоева Шаҳноза, Норбобоев Маъруфҷон, Ҳасанова Махфират, Каримова Гулноза саҳми арзанда гузошта меоянд.
Вазифаи мудири кафедраро солҳои 2014 – 2015 дотсент Абдуллоев Абдуҷабор, солҳои 2015-2023 дотсент Ахмедов Ҳусенбой ва аз соли 2023 то ҳол дотсент Икромова Инобатҷон ба дӯш доранд.
Кафедраи умумидонишгоҳии информатика давоми фаъолияти хеш ба дастовардҳои назаррас гардида, аз ҷумла ғолиби озмунҳои донишгоҳии “Рушди сифати таҳсилот” ва “Кафедраи беҳтарини сол” мебошад.
Дар кафедра баҳри таълиму тарбия устодони варзидаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, техникаи ҳисоббарор ва воситаҳои техникии аудиовизуалии таълим фаъолият бурда, барои тайёр намудани муттахасисони дараҷаи олии соҳаи маориф ҳиссагузорӣ менамоянд.
Ҳамаи синфхонаҳо бо компютерҳо ва воситаҳои техникӣ таъмин буда, бо шабакаи Интернет пайваст мебошанд. Дар назди кафедра семинари илмию назариявии устодон ва маҳфили “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” амал мекунад, ки барои баланд бардоштани савияи дониш, маҳорат, малака ва ҷаҳонбинии шогирдон равона шудааст.
Айни замон, дар ҳайати устодони кафедра 7 нафар номзади илм, дотсент, 2 нафар номзади илм, муаллими калон, 5 нафар муаллими калон, 1 нафар муаллим фаъолият доранд. Устодони кафедра дар баробари фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ дар ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Кафедра дар маҷрои татбиқи рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф тавассути барномаҳои давлатӣ (“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”) ва барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” барои мустаҳкам кардани заминаи моддию техникӣ, дастгирии омӯзгорон ва ҷалби ҷавонон ба технологияҳои инноватсионӣ, ки ин ташаббусҳо барои омода кардани кадрҳои баландихтисос ва рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ замина фароҳам меоранд, саҳми назаррас мегузорад.