Нишасти навбатии "​Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ"

Маҳфили илмию амалии кафедраи умумидонишгоҳии информатика таҳти унвони “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат бо иштироки донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ доир гардид.

Маҳфил чун анъана тариқи озмуназрӯи 3 шарт гузаронида шуд:

  • Гузаронидани тест бо истифода аз барномаи Plickers;
  • Кор бо тахтаи интерактивӣ
  • Дохил намудани маълумот ва истифодаи имкониятҳоибарномаи виросторони коркарди матнӣ.

Ҳайати ҳакамон иборат аз се нафар ғолибонро муайян намуданд. Ғолибон бо ифтихорнома қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ