​Маҳфили илмӣ-амалии “Донишҷӯ ватехнологияи иттилоотӣ”

Маҳфили «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” ин навбат аз рӯи се шарт: гузаронидани тест бо истифода аз барномаи Plickers, кор бо тахтаи интерактивӣ ва дохил намудани маълумот ва истифодаи имкониятҳоибарномаи виросторони коркарди матнӣ сурат гирифт.

Дар маҳфил донишҷӯёни ду факултет – геоэкология ва туризм ва иқтисодӣ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯи факултети геоэкология ва туризм Муҳамедов Умарҷон сазовори ҷойи якум, Темурҷонов Абӯбакр сазовори ҷойи дуюм ва донишҷӯи факултети иқтисодӣ Шарифҷонова Робия мақоми сеюмро соҳиб шуданд.

Ғолибон бо ифтихорнома сарфароз шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ