Факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ
Dean
Маълумот барои тамос
Deputies of dean
Бо назардошти талаботи рўзавзуни ҷомеа ба ихтисосҳои психология ва таҳсилоти томактабӣ, ки дар баланд бардоштани маънавият ва тарбияи насли наврас мақоми бозгўйро ишғол менамояд, дар назди Муассисаи давлатии таҳсилоти ДДХ бо фармони Вазири маориф ва илми ҶТ № 05/1 аз 21.05.2019 ва фармоиши Ректори МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ” №175 АЗ 25.06.2019 факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ таъсис дода шуд, ки аз соли хониши 2019-2020 ба фаъолият оғоз намуд. Факултет ва кафедраҳои он фаъолияти худро тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Айни замон дар назди факултет чунин ихтисосҳо амал мекунанд:
- Психология – 1-23.01.04, касбият: психолог, омўзгори психология
- Олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ – 1-03 03 08-01, касбият: мураббии боғча. Олигофренопедагог
- Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ – 1-01 01 01-06, касбият: Мураббияи муассисаҳои томактабӣ. Равоншинос
Сохтори факултетро кафедраҳои зерин ташкил мекунанд:
- Психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ, ки мудирии онро номзади илмҳои психологӣ, дотсент Зайтметов Ҳ.А. бар уҳда дорад. Ҳадафи кафедра фароҳам овардани муҳити солим байни ҷомеа ва такмил додани донишҳои психологӣ дар пешрафти илму техника, рушди босуботи тафаккури психологии хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби психология барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳои иҷтимоию ҷамъиятӣ, мусоидат намудан ба оилаҳое, ки аз ҷиҳати психологӣ ба зўроварӣ ва парокандагӣ рў овардаанд.
- Педагогика ва психологияи томактабӣ, мудириикафедра бар ўҳдаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Усмонов Д.А. вогузор карда шудааст. Кафедра бештар ба омода намудани мутахассисони соҳибкасбӣ соҳаи томактабӣ ва рушди ҳамаҷонибаи насли наврас саҳм мегузорад.
- Назария ва методикаи тарбияи томактабӣ ба уҳдаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Азимова М.Ҳ. гузошта шудааст. Ҳадафи асосии кафедра роҳу воситаҳои дарёфти истеъдодҳо ва минбаъд такмил додани қобилиятҳои эҷодии мураббиёни оянда дар фаъолияти амалӣ мебошад.
Дар марҳилаи аввал дар ихтисосҳои мухталифи шуъбаи рўзонаи факултетипсихологияи ва таҳсилоти томактабӣ - 335 нафар донишҷӯёндар шӯъбаи ғоибона бошад аз рўи ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ - 815 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Базаи моддии факултет ба талаботҳои макотиби олӣ мувофиқ гардонида шуда, дар ҷараёни таълим ва пешбурди корҳои илмӣ – тадқиқотӣ тахтаи электронӣ (2 дона), проектор (12 дона), компютерҳо (10 дона) бо таври васеъ истифода бурда мешавад.
Дар назди факултет китобхонаи навтаъсис фаъолият мебарад, ки бо китобҳои асосии тахассусӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ҳамасола ҷараёнии таҷрибаомўзии ихтисосҳои амалкунандаи факултет дар Коллеҷи омўзгорӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёаи умумӣ, муассисаи махсусгардонидашудаи таълимию солимгардонӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Ҷомеаи устодон ва кормандони факултет ҳамкории густурдаи таълими, илмӣ, методӣ ва таҷрибавии худро бо муассиссаи давлатии Кўдакистони Президентӣ дар вилояти Суғд, Мактаби ғайридавлатии Ирфон, “Гулчини маърифат” ва ҳамчунин Телевизионҳои “Симои мустақил – 1” ва “Азия”, ба роҳ мондааст, ки барои такмили ихтисоси донишҷўён ва магистрантону докторантон кўмаки амалӣ мерасонад.
Дар назди кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Маркази машварати психологӣ ва рушди қобилиятҳои маърифатии “Заковат” таъсис дода шудааст. Ҳадафи марказ рушд додани хотира, диққат, тафаккур ва зудхонии хонандагони синнусоли гуногун маҳсуб меёбад. Инчунин барои гузаронидани тадқиқотҳои илмии психологӣ ҳамчун озмоишгоҳи лабораторӣ истифода бурда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар назди кафедраи мазкур ҳуҷраи психологияи амалӣ ташкил карда шудааст, ки ҷиҳати тадбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷўён дар амалия истифода бурда мешавад.
Омодакунии кадрҳои илмӣ дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти қарор дорад. Айни замон дар факултет 14 магистрант ва 3 нафар докторанти PhD ва 3 нафар унвонҷўй фаъолияти илмӣ – тадқиқотӣ бурда истодаанд, ки дар ояндаи наздик сафи олимони ҷавони факултет пурра хоҳад кард.
Сарварии факултетро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Эгамбердиева Муқаддас Холиқовна ба уҳда дорад.