Кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ

Contact phone number

Кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ фаъолияти худро моҳи сентябри соли 2019 оғоз намуд, То замони таъсиси кафедра фанҳои педагогика ва психология дар номгӯи фанҳои таълимии кафедраҳои педагогика иҷтимоӣ ва касбӣ, кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии таълими ибтидоӣ арзи вуҷуд дошт.

Аз соли аввали мустақилияти кафедра сарварии онро дотсент Усмонов Даврон Абдусамадович ба ӯҳда дошта, дотсент Ҳомидов Муқим, сармуаллима Мухторова Мунаввара, муаллимон Абдуллоева Гулбахор Вохидовна, Раҷабова Зӯҳро Баротовна, Зоидова Сабоат Абдуманоновна, Мансурова Дилрабо Қодирҷоновна фаъолияти педагогӣ бурда истодаанд. Инчунин дар назди кафедра 1 лаборатория бо ном “Инкишофи барвақти кӯдак” амал менамояд, ки онро муаллима Абдуллоева Гулбахор Вохидовна сарвари менамоянд.

Соли аввал аст, ки дар кафедра 2 нафар магистрон бо ихтисоси таҳсилоти томактабӣ ва равоншиносии амалӣ қабул гардида таҳсил намуда истодаанд. Дар кафедра зиёда аз 20 номгӯи фанҳо таҳсил дода мешавад, ки доир ба он барномаю, силлабус омода шудааст. Омӯзгорон барои самаранок гузаронидани дарсҳои таълимӣ аз тахтаи электронӣ ва слайдҳо васеъ истифода бурда истодаанд.