Парки технологии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

Телефон барои маълумот

Парки технологии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» маркази муосири илмӣ-инноватсионӣ, истеҳсолӣ ва таълимӣ буда, бо мақсади ҳамгироии илм ба истеҳсолот, татбиқи технологияҳои нав ва рушди иқтидори инноватсионӣ моҳи декабри соли 2012 таъсис ёфтааст.

Парки технологӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» фаъолият намуда, фаъолияти он дар асоси иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Самти асосии фаъолияти Парки технологӣ фароҳам овардани муҳити мусоид барои таҳия, санҷиш ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар истеҳсолот мебошад. Парк ҳамчун пайвандгари муҳими байни илм, маориф ва иқтисод амал карда, барои рушди технологияҳои муосир, баланд бардоштани малакаи касбии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир нақши муҳим мебозад. Дар доираи фаъолияти худ Парки технологӣ рушди технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, инчунин воридсозии технологияҳои сарфакор ва экологиро афзалият медиҳад.

Парки технологӣ фаъолияти худро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла илмӣ-инноватсионӣ, истеҳсолӣ ва таълимӣ ба роҳ мондааст. Дар сохтори он сехи муосири мебелсозӣ бо таҷҳизоти пешрафта, аз ҷумла дастгоҳҳои идорашавандаи барномавӣ (ЧПУ) фаъолият мекунад, ки маҳсулоти баландсифати мебелиро барои муассисаҳои таълимӣ ва бозори дохилӣ истеҳсол менамояд. Ҳамзамон, сехи дӯзандагӣ ва гулдӯзӣ бо мошинҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар он либосҳои миллӣ ва муосир, инчунин маҳсулоти ҳунарӣ истеҳсол карда мешаванд. Ин бахшҳо на танҳо истеҳсолот, балки омӯзиши амалӣ ва омодасозии кадрҳоро низ таъмин менамоянд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Парки технологӣ татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар минтақаи таълимиву таҷрибавии “Палос” боғи интенсивии замонавӣ бо истифодаи системаи обёрии қатрагии автоматикунонидашуда ва технологияҳои сарфакори обу энергия бунёд гардидааст, ки лоиҳаи инноватсионӣ бо истифодаи энергияи офтобӣ таҳия шуда, ҳадафи он таъмин намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, сарфакорона истифодабарии оби полезӣ ва коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист мебошад.

Парки технологӣ дар баробари фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ ва омӯзиширо низ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, курсҳои ронандагӣ бо дарсҳои назариявӣ ва амалӣ, курсҳои дӯзандагӣ ва бурандагӣ, курсҳои мебелсозӣ бо истифодаи таҷҳизоти муосир, инчунин курсҳои омӯзиши забони кореягӣ фаъолият мекунанд. Ин курсҳо барои донишҷӯён, ҷавонон ва шаҳрвандон имконият фароҳам меоранд, ки дар муҳлати кӯтоҳ малакаи касбӣ ва донишҳои амалӣ ба даст оварда, ба бозори меҳнат мутобиқ гарданд.

Парки технологӣ ҳамчунин майдони фаъол барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ мебошад. Кормандон, донишҷӯён, магистрантҳо ва докторантҳо дар доираи лоиҳаҳои Парк корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, натиҷаҳои онҳо дар маҷаллаҳо ва конференсияҳо ба табъ мерасанд. Ин раванд ба ташаккули насли нави олимон ва муҳаққиқон мусоидат намуда, робитаи илм бо истеҳсолотро боз ҳам мустаҳкам менамояд.

Фаъолияти Парки технологӣ бо ҳамкории зич бо муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин шарикони байналмилалии рушд ба роҳ монда мешавад. Парк пайваста лоиҳаҳои навро дар самтҳои илм, технология ва инноватсия пешниҳод намуда, барои ҷалби сармоя, таҷриба ва технологияҳои муосир замина фароҳам меорад. Бо истифода аз инфрасохтори Донишгоҳ, аз ҷумла устохонаҳо, лабораторияҳои таълимиву истеҳсолӣ, синфхонаҳо, техника ва захираҳои иттилоотӣ, Парки технологӣ ҳамчун маркази пешқадами рушди илм ва истеҳсолот дар минтақа фаъолият мекунад. Роҳбарии Парки технологӣ аз рӯзҳои аввали таъсис то имрӯз пайваста ба рушди устувор ва густариши фаъолияти он нигаронида шудааст. Аз моҳи декабри соли 2012 то ноябри соли 2018 роҳбарии Парки технологиро дотсент Назаров Раҳим Раҳмонович ба уҳда дошт. Аз моҳи декабри соли 2018 то имрӯз Парки технологӣ таҳти роҳбарии Бобоҷонов Абдушукур Ғафурович фаъолият намуда истодааст.

Бо дарназардошти ҳамаи ин, Парки технологии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” на танҳо як сохтори таълимӣ ё истеҳсолӣ, балки платформаи стратегии рушди инноватсия, иқтисоди донишбунёд ва технологияҳои муосир буда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа ва кишвар саҳми арзанда мегузорад.