​ПТ: Курси дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар назди Парки технологии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолият дорад.

Курси мазкур бо таҷҳизоти замонавии гулдӯзии компютерӣ, дарздӯзӣ, йӯрмадӯзӣ, “аверлог” ва дигар дастгоҳҳои дӯзандагӣ муҷаҳҳаз буда, барои омӯзиш шароити мусоид фароҳам аст.

Ба иштирокчиёни курс Гулчеҳра Худойбердиева нозукиҳои касби дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумиро меомӯзонад.

Танҳо давоми нимсолаи дуюми соли 2023 курси мазкурро 19 нафар хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Феълан 5 нафар иштирокчиёни курс ба омӯзиши касбу ҳунар машғул мебошанд.

Ҳадаф аз ташкил ва фаъолияти курсҳои мазкур ҷалби муҳассилин ва хоҳишмандон ба омӯзиши касбу ҳунар маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ