Шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон

Телефон барои маълумот

Шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон аз соли 1934 фаъолият дорад. Дар солҳои мухталиф Ҳакимова Э.В., Юнусов А.Ю., Мироватов М.С., Қўзиев М.А., Пўлодов Н.Н. ва Бобоев Р.Ҳ. мудирии шуъбаи мазкурро ба зимма доштанд. Аз соли 2019 вазифаи мудири шуъбаи мазкурро Г. Шарипова ба зимма дорад. Алҳол дар асоси дастурамали Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи нав раванди таҷрибаомўзӣ дар донишгоҳ бо равиши нав ба роҳ монда шуда, донишҷўёни шуъбаи рўзонаи ихтисосҳои омўзгорӣ мувофиқи нақшаи таълимӣ ба роҳ мондааст. Афзун ба ин, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҷрибаомўзии омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он 16 пойгоҳҳои таълимӣ ташкил карда шудааст. Алҳол мувофиқи нақшаҳои таълимӣ дар донишгоҳ 11 намуди таҷрибаомўзӣ (таҷрибаомўзии таълимӣ, таълимӣ- саҳроӣ, таълимӣ-лабораторӣ, пленерӣ, этнографӣ, рўзноманигорӣ, форлклорӣ, шевашиносӣ, археологӣ, истеҳсолӣ, омўзгорӣ) ба роҳ монда шудааст.


Таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолии донишҷӯён тибқи нақшаҳои таълимӣ асосан баъд аз сессияи санҷишу имтиҳоноти тобистона бо фармоиши ректори донишгоҳ дар 15 факултетҳои Донишгоҳ дар моҳҳои июн, июл гузаронида мешавад. Таҷрибаи таълимӣ-истеҳсолии донишҷӯён яке аз муҳимтарин қисмҳои омоданамудани мутахассисони баландихтисос ба шумор рафта, он дар корхонаҳою муассисаҳои номдор ва ташкилотҳои гуногуни хоҷагии халқ, фарҳанг, маориф ва дигар муассисаҳои идоракунии давлат гузаронида шуда, омодагии назариявии донишҷӯёнро бо фаъолияти амалии онҳо таъмин сохта, барои фаъолияти касбии эшон мусоидат менамояд. Он барои пайдо гардидани маҳорат, малакаи касбӣ ва пайдо сохтани таҷрибаи фаъолияти амалӣ дар донишҷӯён имкониятҳои заруриро фароҳам меоварад. Барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои дар нақшаи таълимии ихтисосҳо нишондодашуда, мудирони кафедраҳои дахлдор ҷои таҷрибаомӯзии ҳар як донишҷӯро вобаста аз ҷои зист муайян намуда, пеш аз оғози он, муҳассилинро бо барномаи таҷрибаомӯзӣ ва супоришномаи инфиродии мураттабгардида таъмин карда, ба ҳамаи донишҷӯёнроҳхат ва нусхаи фармоиш ба унвони роҳбароникорхонаҳою ташкилотҳо оид ба гузаштани таҷрибаомӯзӣ дода мешавад. Роҳбарияти факултетҳо, мудирони кафедраҳои дахлдор раванди таҷрибаомӯзиро назорат менамояанд. Аз ҷониби донишгоҳ ба таҷрибаомӯзон ва роҳбарони гурӯҳҳо “Рӯзномаи таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ” ва “Дафтари қайди чорабиниҳо” таъмин карда мешаванд. Барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаи истеҳсолии пешаздипломӣ барномаҳои кории факултетҳо мавриди корбарӣ ва таҷдид қарор дорад. Бояд қайд кард, ки имрӯз аз рӯйиихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ донишгоҳ беш аз 45 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру навоҳиивилояти Суғд ҳамкории судманд дорад.

Ҳамзамон, ба роҳ мондани чораҷӯиҳои гуногуни тарбиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, мавриди баррасии донишҷӯён қарор додани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№553 аз 05.10.2009) фаъолияти тарбиявии донишҷӯён ташкил дода шудааст. Боиси қайд аст, ки алҳол мувофиқи нақшаҳои таълимӣ дар донишгоҳ 11 намуди таҷрибаомӯзӣ (таҷрибаомӯзии таълимӣ, таълимӣ- саҳроӣ, таълимӣ-лабораторӣ, пленерӣ, этнографӣ, рӯзноманигорӣ, форлклорӣ, шевашиносӣ, археологӣ, истеҳсолӣ, омӯзгорӣ) ба роҳ монда шудааст.