Шуъбаи докторантура

Телефон барои маълумот

Шуъбаи аспирантураи Муассисаи давлатии таълимии“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров” дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистоназ29апрели соли 1993, № 2 - 12 таъсис дода шудааст. Шуъбаи аспирантура аз моҳи августи соли 1993 то имрўз фаъолият дошта, барои тарбияи кадрҳои илмӣ ва мутахассисони соҳибунвон мусоидат менамояд. Вазифаи мудирони шуъбаро аз оѓоз то соли 2011 Каримова Г.М., Fаниев Ф., Очилова Ф. ва Каримова М.Т. ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи апрели соли 2011 то соли 2021 ин вазифаро номзади илмҳои филологӣ, дотсент МахкамоваГ.С. баўҳда дорад.

Бахши аспирантураи донишгоҳ то соли 2018 аз рӯи 26 ихтисос кадрҳои соҳибунвонро омода намудааст. Дар Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.04.2015, № 1015 докторантура аз рўи ихтисос (PhD) таъсис ёфтааст.

Бинобар қатъ гардидани қабул ба аспирантура ва фаъолият намудани самти докторантураи(PhD) тибқи Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 28 январи соли 2021, № 6 номи шуъбаи аспирантура ба шуъбаи докторантура иваз карда шудааст, ки Г.С.Махкамова ба сифати мудири бахш фаъолият мебарад.

Таъсиси докторантура аз рӯи ихтисос (РhD) дар донишгоҳ имконияти бештари ҷалби хатмкунандагони магистратураро ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ зиёд гардонидааст. Ба докторантураи донишгоҳ аз рўи 23 номгўи ихтисос шаҳрвандоне, ки дорои дараҷаи академикии «магистр» мебошанд, қабул карда мешаванд.

Шуъбаи докторантура барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ бо додани дараҷаи илмии «доктори фалсафа (РhD)» , «доктор аз рўи ихтисос» мусоидат менамояд.

Бори аввал баъди таъсиси докторантура аз рўи ихтисос (PhD) барои соли таҳсили 2015-20168 нафар довталабоназрӯи 6 ихтисос (филология, забоншиносӣ, таърих, физика, иқтисодӣ, шарқшиносӣ) ба докторантура қабул гардиданд.

Аз оғози таъсиси докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) то имрӯз ҳамагӣ 285 нафар докторантон аз ҷумла 174 нафар зан (61%) аз рӯи 15 ихтисос ба докторантура қабул гардиданд.

Тибқи нишондодҳои оморӣ теъдоди докторантон аз рӯи ихтисос (РhD) сол аз сол афзуда истодааст ва айни ҳол дар шуъбаи докторантура 104 нафар ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд.

Тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ аз 13 июни соли 2008 докторантураи анъанавӣаз рўиҳафт номгўи ихтисос 01.01.01 – Таҳлили математикӣ, 01.04.01 – Физикаи эксперименталӣ , 01.04.07- Физикаи ҷисмҳои сахт, 10.01.03 - Адабиёти халқҳои кишварҳои хориҷӣ (адабиёти тоҷик),10.02.22-Забонҳои давлатҳои хориҷаи Аврупо, Осиё, Африқо ва мардуми бумии Амрико ва Австралия (забони тоҷикӣ), 07.00.02 -Таърихи Ватан, 13.00.02- Назария ва методикаи таълим ва тарбия (аз рўи ихтисосҳо)таъсисёфтааст.

Яке аз усулҳои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ бо роҳи унвонҷӯи ба шумор меравад. Дар Донишгоҳ аз рўи ихтисосҳои педагогӣ, иқтисодӣ, таърих, филологӣ, фалсафа, математика, химия, география, забонҳои хориҷӣ, физика, методика, санъати тасвирӣва биологӣба ҳайси унвонҷў қабул шуданд, ки мавзуъ вароҳбарони илмии онҳо дар Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ гардидааст.

Мувофиқи солҳо теъдоди ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ба таври зайл аст:

1993 - 2 рисолаи докторӣ, 10 номзадӣ

1994 - 1 рисолаи докторӣ, 10 номзадӣ

1995 - 1 рисолаи докторӣ, 5 номзадӣ

1996 - 3 рисолаи докторӣ,12 номзадӣ,

1997 - 17 рисолаи номзадӣ

1998 - 1 рисолаи докторӣ, 7 номзадӣ

1999 - 2 рисолаи докторӣ, 10 номзадӣ

2000 - 1 рисолаи докторӣ, 16 номзадӣ

2001 - 3 рисолаи номзадӣ

2002 - 3 рисолаи докторӣ, 28 номзадӣ

2003 - 4 рисолаи докторӣ, 4 номзадӣ

2004 - 4 рисолаи докторӣ, 29 номзадӣ

2005 - 2 рисолаи докторӣ, 5 номзадӣ

2006 - 4 рисолаи докторӣ, 26 номзадӣ

2007 - 4 рисолаи докторӣ, 20 номзадӣ

2008 - 7 рисолаи номзадӣ

2009 - 1 рисолаи докторӣ, 17 номзадӣ

2010 - 2 рисолаи докторӣ, 16номзадӣ

2011- 1 рисолаи докторӣ, 22 номзадӣ

2012 - 26 рисолаи номзадӣ

2013- 2 рисолаи докторӣ, 22 номзадӣ

2014 – 2 рисолаи докторӣ, 7 номзадӣ

2015 – 1 рисолаи докторӣ, 15 номзадӣ

2016 – 16 рисолаи номзадӣ

2017 – 1 рисолаи докторӣ, 18 номзадӣ

2018 – 2 рисолаи докторӣ, 30номзадӣ

2019 – 5 рисолаи докторӣ, 31 номзадӣ

2020 -2рисолаи докторӣ, 33 номзадӣ

2021 – 3 рисолаи докторӣ, 35 номзадӣ

2022 – 4 рисолаи докторӣ, 22номзадӣ

2023 – 2 рисолаи докторӣ, 38 номзадӣ

2024 – 8 рисолаи докторӣ, 38номзадӣ

2025 – 4 рисолаи докторӣ, 54 номзадӣ

Шуъбаи докторантура ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани усули самаранокии таълим дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои илмӣ мусоидат менамояд ва барои сари вақт иҷро намудани он тамоми сайъу кӯшиши худро равона менамояд.