​Ғолибони озмуни “Докторанти сол-2020” дар бахши илмҳои дақиқ қадр гаштанд

Дар бахши илмҳои дақиқи озмуни “Докторанти сол-2020”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ғолибон муайян ва тақдиронида шуданд.

Бо тартиб Нодира Алимбоева – докторанти соли сеюми факултети санъати тасвирӣ ва технология, Шодмон Нурматов – докторанти соли дуюми факултети геоэкология ва Зиннатҷон Бобоҷонова – докторанти соли дуюми факултети биология ва химия се мақоми ифтихориро касб намуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.

Тазаккур бояд дод, ки дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ айни ҳол 1 нафар докторанти низоми анъанавӣ, 18 нафар аспирант, 119 нафар докторант (РhD) ва 177 нафар унвонҷӯ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф бо корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғуланд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ