Кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг

Телефон барои маълумот

Бо мақсади қонеъ кардани талаботи рўзафзуни иқтисодиёти миллӣ нисбат ба мутахассисони равияҳои гуногуни иқтисодӣ моҳи январи соли 1996 имрўза кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг бо номи “Иқтисодиёт, ташкили истеҳсолот ва хизматрасонӣ” ба фаъолият шурўъ кард. Сарварии кафедраро солҳои 1996-1999 н. и. и., дотсент Исмоилов М. М., 1999-2000 н. и. и., дотсент Маҷидов А., 2000-2014 д. и. и., профессор Пўлотова И. Р. бар ўҳда доштанд. Аз соли 2014 ин вазифа ба ўҳдаи н. и. и. Сайдуллоева Д. К. вогузор шудааст.

Кафедра аз рўи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунии корхона” мутахассис тайёр мекард. Моҳи августи соли 2009 бо мақсади тайёр кардани мутахассисони дараҷаи бакалавр ва магистри ихтисоси «Маркетинг» кафедра «Иқтисодиёти соҳавӣ ва ташкили бозор» ном гирифт. Соли 2015 дар кафедра ихтисосҳои “Маркетинг”, “Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук” ва “Менеҷменти иҷтимоӣ” ба роҳ монда шуд.


Алҳол дар кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг 11 нафар устодони баландихтисос фаъолият доранд, аз ҷумла профессор, д. и. и. Қодиров А. Л., панҷ нафар номзади илми иқтисод – Сайдуллоева Д. К., Мавлонов Р. А., Пўлодова Х. Ш., Баҳодуров Ҳ., Раҳмонов Ш. А. ва 5 сармуаллим – Ҷалилова Д., Бегматова С., Ишонова С., Ҳусейнова М., Қодирова Г. ва як муаллим Ҳотамов А. фаъолият доранд. Бо кўшишу ѓайрати устодон самтҳои гуногуни фаъолияти кафедра мувофиқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар кафедра бо мақсади тайёр кардани мутахассисони дорои ихтисоси баланд усулҳои пешқадами таълим истифода бурда мешавад, ки манбаи ахбории онро китобҳои тахассусии муосир ташкил медиҳанд. Устодони кафедра барои ба сифати баланд ба роҳ мондани дарсҳо мунтазам ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машѓул буда, натиҷаҳои онро дар дарсҳои амалӣ ба донишҷўён пешкаш менамоянд. Нақшаи таълимии кафедра дар асоси талаботи муосир тартиб дода шуда, стратегияи муосири иқтисод, рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, пешбинии рушди иқтисоди миллӣ, асосҳои иқтисоди бозор, биржа ва асосҳои маркетинг, банақшагирии стратегӣ дар соҳаи маориф, дохили фирма, молшиносӣ ва стандартизатсия, тадқиқоти маркетингӣ, маркетинги мол ва хизматрасонӣ, маркетинги саноатӣ, таҳқиқи рафтори истеъмолкунандагон, фаъолияти реклама, ташкили бизнес-нақша, самаранокии соҳибкорӣ ва менеҷмент, иқтисод ва ташкили бизнес, менеҷменти байналхалқиро дарбар мегирад. Тартиб додани барномаҳои таълимӣ ва кории кафедра дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии ҶТ, маводи инъикоскунандаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва натиҷаи тадқиқи олимони ватанӣ сурат мегирад, ки ин сифати зарурии тайёр кардани мутахассисонро таъмин хоҳад кард.